Sebiston new 2024 october
Писарамро ба шавҳарам додаму рӯзам сиёҳ шуд
1978


16 сол пештар ману шавҳарам аз ҳам ҷудо шудем. Азбаски имкони нигоҳубини ду фарзандро надоштам, як писарамро ман гирифтаму яктояшро ба шавҳарам додам.

Баъди ҷудо шуданамон шавҳарам ба муҳоҷират рафту писари калониро бо худ бурд. Дар муҳоҷират зан гирифта, дигар ба Ватан барнагашт. Ман писари хурдиро ба воя расонида, дигар шавҳар накардам. Ҳоло писарам донишҷӯ аст, аммо пайваста аз ман дар бораи акааш мепурсад. Тамоми ин солҳо дилам барои писари калонӣ гум зада, аз хешу ақрабои шавҳарам суроғашро мепурсидам, вале онҳо ягон маълумот надода, маро аз дарашон пеш мекарданд. Рӯзе ба хонаи хешу табори шавҳарам рафта, боз писари калониамро суроғ кардам.

Холаи шавҳарам гуфт, ки писари калониат аллакай дар Русия оиладор шуда, соҳиби ҳама чиз шудааст. Баъди зориву тавалло рақамҳои собиқ шавҳарамро пайдо карда, аз ӯ хоҳиш намудам, ки рақами телефони писарамро диҳад. Шавҳарам бо қаҳр гуфт, ки ин қадар сол писаратро накофтиву имрӯз, ки соҳиби давлату сарват аст, писарат ба ту даркор шуд?

Гуфтам, ки тамоми ин солҳо дар ҷустуҷӯяш будам, ҳоло аз ӯ ба ман чизе лозим нест, танҳо мехоҳам як бор садояшро шунавам. Вақте ба писарам занг зада, гуфтам, ки ман модараш ҳастаму боз додар дорад, базӯр бо забони шикастаи тоҷикӣ ва русӣ гуфт: “Агар маро писар мегуфтӣ, дар вақташ намепартофтӣ!” Аз шунидан ин сухани ҷигарбанди чанд сол надидаам ҳуш аз сарам парид. Оҳ қисмат...


Модарони азиз,ҳаргиз фарзандонро аз ҳам ҷудо накунед, вагарна нисбати ҳамдигар бе меҳр ба воя мерасанд.
Таҳияи Шаҳло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД