Arzon march 2024
Писарам зан гирифту бо хоҳаронаш душман шуд
11.06.2023
ОИЛА
1605


Салом! Ман як модари байни чор фарзанд ҳайрону зор монда, мехоҳам аз шумоён маслиҳат бипурсам.
Се духтару як писар дорам.

Фарзандонам пештар бо ҳамдигар чунон меҳрубон буданд, ки ҷонашонро барои якдигар нисор мекарданд, вале бо сад орзую ҳавас писарамро зан додаму ба ҷойи хушбахтӣ бадбахтӣ дар хонаам маскан кард. Арӯси писарам аз рӯзи аввали ба хонаи мо қадам гузоштанаш қайсингилҳояшро бад дида, бо духтаронам бе ягон сабаб душман шуда монд.

Ҳар рӯз ягон баҳона ёфта, бо хоҳаршӯйҳояш ҷанг мешавад. Ман мудом духтарҳоямро насиҳат мекунам, ки келин ҳоло ҷавон аст, шумо бо вай баробар нашавед, чунон вонамуд кунед, ки гапҳои по дар ҳавояшро намешунавед. Духтарҳоям ба хотири ман лаб фурӯ баста, чизе намегӯянд, вале ин арӯси тирмизак торафт аз худ рафта истодааст.

Дигар на маро писанд мекунад, на духтаронамро. Насиҳат карданӣ шуда, ягон чиз гӯям, дарҳол ба шавҳараш хабар кашида, сад гапи дигармебофад, ки модарат ин гуфту он гуфт. Бача, ки зан гирифт, дигар на падару модарро қадр мекардаасту на хоҳару додарро, давлату дунёяш ҳамон занаш мешудаасту халос. Занаш чунон лаҷоми писарамро ба дасти худ гирифтааст, ки мур гӯяд, мемурад. Ба занаш хушомад заданашро дида насиҳат мекунам, ки “писарам, мард бояд андак сиёсат дошта бошад, то зану фарзандонаш ӯро ҳурмату эҳтиром намоянд.

Ту ҳамин хел латта шавӣ, занат пагоҳ чӣ қилиқҳое, ки намекунад”. Медонед, писарам дар ҷавоб чӣ мегӯяд? Мегӯяд, ки ман барқасди душманон занамро тори сар карда мегардам, ки сӯхта муранд. Душмани ту кист гӯям, шарм надошта мегӯяд, ки духтарҳои ту ману занамро чашми дидан надоранд, барои ҳамин мудом шӯрандозӣ мекунанд. Ба ин ғуломи зан гап фаҳмонда намешавад. Хуни ҷигар шудаам аз дасти писару келини ношуд.

Падараш ҳам аз зиндагии писарам розӣ нест, доим маро гунаҳкор карда мегӯяд, ки ҳамааш айби ту шуд, нағздидаи писарам гуфта ҳамин шаттоҳро келин кардӣ, агар духтари аммаашро ба занӣ мегирифт, шояд ба ин рӯз намерасидем.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, ки кор кунам, ки ақли келин ба сараш зада, муноҷибаташро бо қайсингилҳояш хуб кунад ва зиндагии писарам ҳам вайрон нашавад?
М, Р, аз шаҳри Кулоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Савлатбӣ аз Фархор 2023-06-11, 18:22
Итари занаки суста нав дидуме, шармндамон карди!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Савлатбӣ аз Фархор 2023-06-11, 18:22
Итари занаки суста нав дидуме, шармндамон карди!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД