Писари калониям фарзандонашро партофта ба Русия мардикорӣ рафт. Солҳои аввал занг мезаду кам-кам пул мефиристод, баъд якбора бедарак шуда монд, дигар аз ӯ на хат буду на хабар. Писари дуюмам акакобӣ рафт, вале бародарашро пайдо карда натавонист.
Пули бозгашт, ки надошт, кор ёфта дар ҳамон ҷо монд. Се сол пас хабари марги фарзанди дуюмам ба гӯшам расиду фиғонам ба фалак печид. Оббозӣ карда ғарқ шудааст писаракам. Ҷасади писарамро дида аз ғам аз ақл бегона шудам. Фарзандонам маро чанд сол дар ба дари муллою фолбину табибу духтур гардонда сиҳат карданд. Шифо ёфта бошам ҳам, захми дилам ҳанӯз хуншор аст. Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки писари калониям гумном аст, вале ман ҳанӯз умед дорам, ки рӯзе очаҷон гуфта аз дарам медарояд.
Чашмони чорам ҳар рӯз то шом роҳашро мепоянд. Фарзандонаш низ мисли бибиашон баумеданд, ки рӯзе дадаҷонашонро зинда дида, Худоро шукр мегӯянд. Бачаҳоятонро Русия нафиристед мардум, то мисли ман кӯки чашмонатон аз интизорӣ накананд!
Модари ҷигарсӯхта Моҳбибӣ, аз дараи Алмосии н. Ҳисор.