Писарам ба зани кӯдакдор ошиқ шуду...
18.01.2026
Oila.tj
199

Саломи худро ба кулли хонандагон мерасонам. Ман модарам. Дар бисотам як писар дорам, ки ӯ ҳам дар муҳоҷират аст. Вақте ки аз имтиҳони дохилшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ афтод, зиқ шуду роҳи Русияро пеш гирифт. Тамоми ҳастиамро барои ӯ бахшидам. Шавҳар накардам.

Шавҳари меҳрубонам ҳангоми шашсола будани писарам субҳе ба кор рафту дигар наомад. Бегоҳӣ ҷасади ӯро ба хона оварданд. Зери чархи мошини бадмасте монду ҳатто оҳ нагуфта, ҷон дод. Ҳаёту зиндагиам писарам аст гуфта, дигар ба шавҳар набаромадам. Акнун фаҳмидам, ки ба хатои сахт роҳ додаам. Бояд ҳамон вақт ба шавҳар мебаромадам.

Ҳоло писарам дар шаҳри рус ба як зани руси кӯдакдор ошиқ шудаасту намехоҳад ба Ватан баргардад. Ба ман алам мекунад, ки барои ӯ ҷавониамро нисор кардам, то дар пирӣ бо набераву келини хуби порсо бошам, вале писарам дар як моҳ як бор занг зада, пул мефиристонаду бо ҳамин қарзи фарзандиашро адошуда меҳисобад. Ба ман пулаш даркор нест, ягона хоҳишам ҳамин аст, ки ба Ватан баргардаду оиладор шавад, чодару чамани домодиро бубинад. Бо садои ёр-ёр ба хонаам келин биёрад. Орзуи ягонаи модари танҳо ҳамин аст.

Хонандаи азиз, писарамро чӣ гуна баргардонам?

М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД