Писарам аз рӯи Шаҳлои тарпоча ба бемории руҳӣ гирифтор шуд. Бечора бачаам ҳамеша номи ин бадзотро ба забон оварда зорикунон мегуфт: “Очаҷон, илтимос ба хонаашон хостгорӣ равед!” Ғазабам омада дод мезадам: “Духтар қаҳт задааст, ки як тардоманро ба занӣ мегирӣ?!
Шаҳлои ту намешавад, дигарашро хостгорӣ мекунам!” Моҷарои ишқи Шаҳло оқибат ба он овард, ки писарам аз хӯрду хӯрок монда, аҳволаш бисёр бад шуд. Мани ҷигархун ночор лаъливу лаганд карда ба хонаи Тошмурод хостгорӣ рафтам. Шаҳло бо чеҳраи хандон маро пешвоз гирифту волидонаш дарҳол дастурхони пурнозу неъмат оростанд. Мақсадамро ба онҳо фаҳмонда гуфтам, ки барои Хуршедам духтаратонро хостгорӣ омадам.
“Мо Шаҳлоро гаҳворабахш карда будем, имрӯз ё пагоҳ барои писарамакаш Акрам ӯро хостгорӣ мекунанд” гуфт падараш. Мани сода умедамро наканда гуфтам: “Тошмуродҷон, ҷавонон якдигарашонро дӯст медоранд, ҳар шаб бо ҳам гап мезананд онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намудан чӣ лозим?!” Тошмурод гӯё ба гӯшҳои худаш бовар накарда пурсид: “Духтари мо бо писари шумо гап мезанад?!” Бо аломати ризо сар ҷунбонда гуфтам:
“Бале, онҳо якдигарашонро дӯст медоранд!” Аз куҷо медонистам, ки Тошмурод ба ғазаб меояд. Вай духтарашро ба наздам хонда, асли гапро пурсид. Шаҳло маро дурӯғгӯй бароварда, қасам хурд, ки байни ваю писари ман чизе нест ва “Шарм доред, хола, магар ман дигар кор надорам, ки шаб то саҳар бо писари шумо чақ-чақ мекардаам?!” гӯён, рӯяшро тофта рафт. Малулу сархам аз хонаи дӯстдоштааш баргашта ҳодисаро ба писарам Хуршед нақл кардам. Аз ман домангир шуд, ки чаро ба падари Шаҳло ошиқии онҳоро гуфтам.
Шаппотии обдоре ба рӯяш фароварда, писарамро чандин дашномҳои болохонадор додам. Шаб Хуршедам аз ҳуш рафт. Духтур ҷеғ задем. Сӯзандору гузаронида гуфтанд, ки ӯро ба беморхона бурдан лозим аст.
Ҳамин тавр писарам аз рӯйи он касофат ба бистари беморӣ афтид. Касалии руҳӣ шудааст. Ҳарчанд давутоз намудам, дигар саломатии фарзандамро харида натавонистам.
Илоҳо хонаат сӯзад, духтардор!
Санавбари дидагирён, аз н. Рӯдакӣ