Домуллои муҳтарам. Мехостам ба ин мушкилӣ равшанӣ андозед. Марде ба ҳамсари ҳомилааш “се талоқ” мегӯяд ва бисёр пушаймон мешавад.
Касе ба ӯ гуфтааст, ки агар занаш писардор шавад, талоқ ҳисоб намешавад, агар духтардор шавад, як талоқ мешавад. Ҳукми ин масъала чӣ гуна аст?
Д. Э
Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ
Бародари азиз, ҳомила будани зан ба талоқ ҳеҷ рабте надорад, агар мард ин лафзро гуфта бошад, албатта талоқ воқеъ мегардад, хоҳ ҳамсараш писар таваллуд кунад ё духтар. Бар ҳар ҳол, шумо барои посухи дуруст гирифтан ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, зеро масъалаи талоқ шарҳу тафсил мехоҳад.