arzon replenishment
ПИСАР МОДАРРО "КИДАТ" КАРД
04.12.2020
Р. Азимӣ
4913

Аловиддинро дар сесолагияш падару модараш аз бемории “саратони хун” фавтида буданд, танҳою бекас намонад гуфта, ӯро ба хонаам оварда, қатори фарзандонам ба воя расонидам. Боре гапи сахташ намегуфтам, сағерагияшро эҳсос намуда аз мо меранҷад гуфта, чизе намегуфтам. Эрка калон шуд.

Писарони худамро лату кӯб мекардаму тарафи ӯ даст намебардоштам. Хулоса, Аловиддин мактабро хатм карду ҳамроҳам ба Русия овардам. Ду сол дар бозор ҳамроҳам ба фурӯши сабзавот машғул шуд. Даромади хуб ба даст меовардем. Пулҳои ҷамъкардаамон дар дасти ман меистод. Холаву ҷиян маслиҳат намудем, ки мошин мехарем ва ман дар бозор ба савдо машғул мешаваму Аловиддин маро бо бор таъмин мекунад. Мошинро бо нархи қимат харида бошем ҳам, хурсанд будем. Сабзавотҳоро бо мошини худ ба бозор дароварда, муҳтоҷи каси дигар намешудем. Аловиддин хоҳиш намуд, ки ба ӯ ҳуҷҷати ронандагӣ гирифта диҳам. Дарҳол маблағ сарф намуда, ба ӯ ҳуҷҷат гирифта додам.

Ронандаи хуб буд. Хулоса, як шаб ба хона наомад. Зангаш задам, телефонаш хомӯш буд. Ба суроғаш баромадам. Ҷӯраҳояш гуфтанд, ки мошинро дар шоҳидии мо ба як марди тотор бо пули гарон фурӯхту ба Амрико рафт. Бо шунидани ин гап дасту пойҳоям суст шуданд, беист оби чашмонам мерехт. Ба Тоҷикистон занг зада, аз шавҳарам пурсидам, ки мабодо Аловиддин ба хонаамон нарафта бошад, аммо шавҳарам, ки ӯро мисоли фарзандонаш дӯст медошт, гирён шуда наомадааст гуфт. Ба суроғаш баромадам, одами напурсидаам намонд. Ба барномаи “Ищу тебя” дархост додам, вале натиҷа надод.

Аловиддин ба кадом гӯшаи Амрико ғайб зад, намедонам. Аз ғамхӯрӣ ҳолам табоҳ аст. Метарсам, ду рӯз пас авлодонам нагӯянд, ки чашми бачаро дар ғарибӣ кушода, ӯро бе ному нишон кардам. Шабу рӯз хоб надорам.

Аз ҳамин хотир ба “Оила” муроҷиат намуда истодаам, то ба Аловиддин гӯям: Аловиддин, писарам, аз ман чӣ хатое сар задааст, магар фарзандвор саратро сила накардам? Тамоми орзуҳоятро амалӣ нанамудам? Кӣ туро аз ман дилхунук гардонд? Рӯзҳои охир хешони падарат зуд- зуд зангат мезаданд, шояд онҳо ба ту ягон гапи нохушро расониданд, ки якбора тамоман дилсард гашта, рафтӣ. Худованд ҷазои он одамонеро, ки аз рашку ҳасад хушбахтии моро дида натавонистанд, диҳад. Аловиддинҷон, ба наздам баргард, писарам!

Ҳилола, аз Краснодари Русия.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД