Ин чи шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам!
Ҳаводиси солҳои охир маҳз ҳамин байти Ҳоҷа Ҳофизро ба ёди кас меоранд, зеро меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром оҳиста-оҳиста аз байн рафта, кинаву адоват дар дили иддае аз зодагони насли инсон ҳоким гашта истодааст.
Кор ба ҷое расидааст, ки имрӯз бархе аз ба ном инсонҳо ҳатто ба шахсони наздиктарини худ раҳму шафқат накарда, бо сар задани як нофаҳмӣ ё моҷарои хурд ба синаи ҳамсар, бародар, хоҳар, падар ва ҳатто модари хеш теғ мезананд ва ё бо белу каланду табар қасди рабудани ҷони азизони худро менамоянд. Ҳодисаи нангин ва даҳшатангезе, ки дар ноҳияи Шаҳринав ба вуқуъ пайвастааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохила аз боздошти як ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, санаи 28-май, тахминан соатҳои 18.00 байни ин ҷавон ва модараш муноқиша сар зада, дар рафти ин ҷанҷоли оилавӣ писар модари 53-солаашро бӯғӣ карда куштааст. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи куштори модар ба дасти фарзанд набуда, чанд соли охир зӯроварӣ дар оила ва афзоиши ҷиноятҳои хонаводагӣ ба мавзӯи доғи ҷомеаи мо табдил ёфтаанд. Бояд тазаккур дод, ки ҷиноятҳои оилавӣ бо ва ваҳшонияти гӯшношунидашон аз дигар ҷиноятҳо фарқ карда, дар сари қаҳру ғазаб иддае аз ҳамдиёрони тирамағзи мо бо бераҳмии махсус пайвандони худро ба ҳалокат мерасонанд, масалан чанд сол пеш дар Данғара як ҷавон модарашро зинда ба зинда гӯр карда буд, чанд ҷавони дигар ба сари падар белу табар бардошта, бо доғи нангини падаркушӣ ба пушти панҷараи зиндон рафтанд. Куштори ҳамсар бошад, як падидаи маъмулӣ гашта, бархе аз мардон модари фарзандони худро 25-30 корд зада мекушанд.
Шумо сабаби аз байни рафтани раҳму шафқат ва афзоиши ҷиноятҳои оилавиро дар чӣ мебинед?
Чаро имрӯз иддае аз ҳамдиёрони мо ҳатто ба падару модаре, ки онҳоро ба дунё оварда, бо ҳазорон машаққат ба воя расонидаанд, раҳм накарда, волидон ва дигар пайвандони хешро бо дасти худ ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат мерасонанд?
Назаратонро дар шарҳи мавод нависед!