goodwell
Писар хонаи падарашро бо бензин оташ зад
125

Кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷавонмарди 35-солаеро бо гумони оташ задани манзили волидонаш боздошт намудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Ҳайдаров Абдулҳамид, соли таваллудаш 1990, ҳаёти носолим пеш бурда, қаблан барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тибқи талаботи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Рӯзи 4-уми августи соли равон байни Абдулҳамид ва волидону аъзои дигари оилаашон муноқиша сар задааст ва писари бераҳм дар ҳолати хашму ғазаб бо истифода аз маводи сӯзишвории бензин манзили истиқоматии волидонашро қасдан оташ зада, ба онҳо зарари молиявӣ расонидааст.

Вобаста ба ин ҳодиса маводҳои зарурии тафтишотӣ тартиб дода шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД