Пиряхҳо об шуда роҳро бастанд
Бо сабаби гармии рӯзона ҳаво об шудани барфҳои қуллаҳои кӯҳҳои ВМКБ роҳи мошингард баста шуд ва хушбахтона бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, бартарафсозии оқибатҳои сел идома додард.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар хабар дода гуфтааст, ки обшавии барф боиси баланд шудани сатҳи дарёи Бартанги дар ҳудуди деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноб гардид.
Ҳамчунин манбаъ гуфтааст, ки тақрибан соати 22:00 об аз соҳилҳои дарё баромада, сел ба амал омад, ки боиси баста шудани роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, дар километри 156-ум, ки аз ҳудуди деҳаи Савноб мегузарад, гардид".
Ба иттилои манбаъ, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти роҳ ва техникаи махсус сафарбар карда шуда, бо мақсади тозакунӣ роҳ бастааст. КҲФ гуфтааст, ҳодисаи мазкур дар пай қурбонӣ надошт.
Омадани сел дар ноҳияи Рӯшон дар ҳолест, ки ин ниҳод бо такя ба маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ қаблан хабар дод, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳи кишвар омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст. Хатари омадани сел дар пайи ҳавои гарм то рӯзи 14 август боқӣ мемонад.