35 years of independency
Пиртарин мард дар ҷаҳон кист?
17.10.2026
Oila.tj
32

Китоби рекордҳои Гиннес дастоварди Жуан Мариню Нетуи бразилиягиро нав карда, ӯро бори дигар куҳансолтарин марди зиндаи ҷаҳон эътироф кард. Ӯ 5 октябри соли 1912 дар шаҳри Марангуапеи иёлати Сеараи Бразилия, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Жуан моҳи ноябри соли 2024, пас аз даргузашти Ҷон Тиннисвуди бритониёӣ, соҳиби унвони куҳансолтарин марди ҷаҳон гардид ва то имрӯз ин мақомро нигоҳ медорад. Рӯзи 114-солагии зодрӯзаш ӯро боз як воқеаи ҷолиб интизор буд: ҳамсолаш не, балки рекорддори дигар - Кен Уикси австралиягӣ, ки ҳамон рӯз 113-сола шуд, ӯро табрик гуфт.

Ин ду мард бо фарқи расо як сол ба дунё омадаанд ва мутаносибан куҳансолтарин ва дуюмин марди куҳансоли зиндаи ҷаҳон ба шумор мераванд. Онҳо бо навиштаҷоти табрикӣ акс гирифта, аксҳои худро ба ҳам фиристоданд. Ин иқдоми самимӣ намунаи зебои дӯстӣ дар масофаи дур гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД