Маҳсулоти лозима:
3 тухм, 1 истакон кефир, 1 истакон шакар, 2 истакон орд, ним қошуқча намак, 2 қошуқ какао, каме сода, равғани маска барои қолаб.
Тарзи таҳия:
Тухмро бо шакар лат зада, кефир ва намак илова кунеду боз омехта намоед. Сипас ордро оҳиста-оҳиста илова карда, хамир тайёр кунед. Хамирро ба ду қисм ҷудо намуда, ба яке аз онҳо какао андохта, хуб омехта кунед. Қолаби пухтупазиро бо фолга пӯшонда, бо равғани маска молед. Ба маркази қолаб каме хамири сафед ва баъд хамири шоколадӣ резед. Ҳамин тавр, хамирҳоро бо навбат, як қошуқӣ, то тамом шуданашон резед. Бо чӯбча аз марказ ба самти канорҳо хат кашед, то нақши зебо ҳосил шавад. Дар тафдони то 180 дараҷа гармшуда 30 дақиқа пазед. Пас аз пухтан, пирогро хунук кунед.