Маҳсулоти лозима:
Равғани маска - 200 грамм
Шакар - 1 истакон
Тухм - 5 дона
Маводи ковоккунанда - 10 грамм
Сметана - 1 қуттӣ
Орд - 300 грамм
Барои ороиш ва бизей:
Панирӣ дилмашуда (творог) - 2 баста
Шакар - 250 грамм
Ванелин - 10 грамм
Олуча
Тарзи таҳия:
Аввал дар зарф 4 дона зардии тухм ва шакарро бо миксер лат мезанем, сипас, равғани маскаро ҳамроҳ карда, лат заданро идома медиҳем. Баъд аз он сметанаро дар зарф гирифта, ба он маводи ковокунанда илова мекунем ва кофта ба маҳлул илова мекунему орд мерезем ва лат мезанем.
Ба қолаб равған молида, қоғази пергамент тунук мекунем ва маҳлули пирогро дар он рехта ба ҳама тарафи қолаб паҳн мекунем.
Дар зарфи дигар 2 баста панири дилмашуда, 1 стакон шакар ва 1 зардии тухм андохта, лат мезанем ва малҳамро ба болои пирог мемолем.
Олучаҳоро хуб шуста ба болои пирог мегузорем ва дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 30-35 дақиқа мепазем.
Кадбону бояд то пухтани пирог бизейро омода созад. Барои ин дар зарф 5 то сафедии тухм ва шакарро бо миксер лат зада ба болои пироги пухташуда мерезем ва 10 дақиқаи дигар дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа нигоҳ медорем. Пирог, ки омода шуд, онро ба қисмҳо бурида дар зарф мегирем. Бо иштиҳо бошед!