Маҳсулоти лозима:
Тухм - 3 дона
Шакар - 150 грамм
Шири гарм - 180 мл
Равғани маска - 80 грамм
Себ - 3 дона
Орд - 300 грамм
Маводи ковоккунанда - 10 грамм
Тарзи таҳия:
Дар зарф тухм ва шакарро бо миксер лат мезанем, сипас, шир ва равғани маскаи обкардашударо илова карда, лат заданро идома медиҳем. Орд ва маводи ковоккунанда илова карда, боз лат мезанем. Себро чоркунҷа реза карда, ба маҳлул ҳамроҳ мекунем.
Ба қолаб равған молида, коғази пергамент мемонем.
Пирогро дар қолаб гирифта, дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа то сурх шуданаш мепазем.
Баъд аз пухтан пирогро хунук карда, баъд ба болояш хокаи шакар пошед.
Иштиҳои том!