Маҳсулоти лозима:
1 кг картошка, 150 грамм панири сахт, 2-3 тухм, 2-3 дандона сирпиёз, 3-4 қошуқ майонез, намак, мурч.
Тарзи таҳия
Картошкаро пӯст карда, панирро аз турбтарош гузаронед. Ними панирро бо 1 тухм нағзакак омезиш диҳед, онро барои болои пирог истифода баред. Панири боқимондаро бо майонез, сирпиёзи куфта ва 2 тухм нағзакак омезиш дода, бо картошкаи аз турбтарош гузаронидашуда якҷоя кунед. Ба тоба равғани растанӣ молида, картошкаи панирдорро тунук кунеду аз болояш паниру тухмҳоро тунук кунед. Пирогро дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 40 дақиқа пазед.