Маҳсулоти лозима:
500 грамм каду, 2-3 дона себ, 1,5 қошуқча моддаи ковоккунанда, 1 тухм, 100 грамм шакар, 50 мл шир, 2,5 истакон орд.
Тарзи таҳия:
Пӯчоқи кадуро бурида, дилаашро реза кунеду дар блендер ба ҳарис (пюре) мубаддал гардонед. Ба каду шир, тухм ва шакар андохта, орду моддаи ковоккунандаро кам-кам илова кунед. Барои он ки пирог сахт нашавад, ордро бисёр наандозед. Ба даруни қолаби пирогпазӣ коғази пергамент тунук карда, равғани растанӣ молед. Хамирро ба он рехта, бо себҳои буридашуда оро диҳед. Пирогро дар ҳарорати 200-220 дараҷа, муддати 40-45 дақиқа пазед.