Маҳсулоти лозима:
2 кадучаи сабз (кабачок), 2 сабзӣ, 1 пиёз, 1 ст орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, 5 тухм, 0,5 ст равғани растанӣ, 150 грамм панир, 20 грамм равғани маска, намак.
Тарзи таҳия:
Кадучаи сабз ва сабзиро борик, пиёзро нимҳалқа реза карда, панирро аз турбтарош гузаронед. Ҳамаашро дар зарфи калоне гирифта, тухму намак, равғани растанӣ, орд, моддаи ковоккунанда илова карда, бори дигар омезиш диҳед. Ба даруни тоба равған молида, хамирро резед ва дар ҳарорати 200 дараҷа муддати ним соат пазед.