Arzon march 2024
Пирог аз моҳӣ
26.10.2024
ОИЛА.ТҶ
858

Маҳсулоти лозима:

1 қуттӣ озодмоҳии очонидашуда (горбуша консервированная), 5 тухм, 200 гр орд, 300 мл кефир, 50 гр панир, 0, 5 қошуқча моддаи ковоккунанда, намаку мурч, пиёзи сабз.

Тарзи таҳия:

Тухмҳоро дар об пухта, моҳиро бо чангак лат занед. Кефирро бо 2 дона тухм омезиш дода, ба он орду моддаи ковоккунанда илова кунед. Ба қолаби пухтупазӣ равған молида, ними хамирро резед. Ба рӯи хамир моҳиро тунук карда, тухмҳои аз турбтароши сӯрохиҳояш васеъ гузаронидашударо бо пиёзи сабзи реза пошида, хамири боқимондаро низ илова кунед. Дар охир панири аз турбтарош гузаронидашударо илова карда, дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 30 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД