Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҳад, саранҷоми нек.
Ривоят мекунанд, ки рӯзе писараке аз канори боғ гузар мекарду тасодуфан чашмаш ба пири қоматхамидае афтод, ки бел дар даст ниҳол мешинонд. Писарак ҳайрон шуд ва бо заҳрханда пурсид:
-Бобо, наход, ки аз меваи ин дарахт умед дошта бошед?
Пирамард оҳи сарде кашид ва дар ҷавоби суоли ин бачаи густох гуфт:
-Замоне мисли ту ҷавон будам ва аз меваи дарахтоне, ки дигарон заҳмат кашида, боровар гадонида буданд, даҳон ширин мекардам. Акнун ба хотири бар гардонидани қарзи худ ин ҷо, дар канори роҳ ниҳол мешинонам, то баъди сари ман дигарон аз мевааш даҳон ширин карда, бо як каф дуо ёдам кунанд...
Ин ривоят ҳикмати бузурге дорад. Пулу мол, давлату сарват, шукӯҳу мақом мисли худи дунё зудгузар аст ва як рӯз не, як рӯз ба бодӣ фано меравад, аммо кору амали неке, ки инсон дар зиндагӣ мекунад, ҳатто баъди сари ӯ низ номашро зиндаву ҷовид нигаҳ медорад.
Ҳуриниссо Сайдалиеваи 72-сола бо дарки ҳамин маънӣ маблағи пасандози худро сарфи бунёди пул-купрук намудааст, то барои ҳамдеҳагонаш як амали некро аз худ ба ёдгор гузорад.
Ҳуриниссо Сайидалиева сокини деҳаи Ғудоси ноҳияи Ашт буда, корвони умраш сарҳади 72-ро убур намудааст. Ин зани меҳнатқарин умри пурбаракати худро сарфи замин намуда, дар мавсими ғунучини пахта то 13 ҳазор тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ мекард. Заҳматҳояшро бо ҷоизаҳои “Байрақи сурх” ва “Шарафи меҳнат” қадрдонӣ намуда, ӯро ба унвони “Собиқадори меҳнат” сазовор донистанд, аммо солҳо турнасон гузаштанду ӯро ба нафақа гусел намуданд. Ин зани заҳматписанд каме бештар аз 500 -сомонӣ нафақа мегирифт. Барои дигарон шояд ин маблағ хеле ночиз намояд, вале Ҳуриниссо Сайдалиева тавонист аз пули нафақааш пул-купрук созад.
Аслан ӯ пулро бо нияти ҳаҷ пасандоз менамуд, вале чанд сол пеш шавҳараш аз дунё гузашту бибии Ҳуриниссо аз фикраш гашта, қарор дод, ки маблағи пасандозашро барои сохтани пул сарф хоҳад кард. Дар наздикии пуле, ки ин зани солманди некӯкор бунёд намудааст, қабристон мавҷуд аст. Чанд сол қабл борони сел борида, купрукеро, ки бо воситаи он тобути фавтидагонро ба водии хомӯшон мебурданд, оби дарё шуста бурд. Сокинони маҳал ба ҷойи он аз чӯб як купрукча сохтанд, аммо он ҳам вақти гузаронидани тобут шикаста вайрон шуд. Ҳамин тавр роҳе, ки ба оромгоҳ мебурд, вайрон шуд, аммо Ҳуриниссо Сайдалиеваи 72-сола 30-ҳазор сомонии бо нияти зиёрати ҳаҷ пасандоз кардаашро сарф намуда, дар ин ҷо як пули калони дарозиаш 6 метр ва бараш 3 метр бунёд намуд.
Барои он ки бачаҳояш хиҷолат накашанд, ин модари дурандеш ҳатто фарзандонашро низ пешакӣ аз нияти худ хабардор накардааст. Ҳуриниссо Сайдалиева танҳо бо қувваи худ ин пулро сохтааст ва ният дорад, ки минбаъд низ маблағи нафақаашро ҷамъ карда, дар бунёди мактаб саҳм гузорад.
Шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ дар васфи чунин занон фармудааст:
Сано бодо ба занҳое, ки марданд,
Баёзи зиндагиро байти фарданд.
Ба номардон бидода дарси мардӣ,
Даме ҳуни заниро кам накарданд.