goodwell
Пимблетт Карлосро “қаҳрамони оянда” номид
25.08.2026
Oila.tj
47

Размкори бритониёии ширкати бонуфузи UFC Пэдди Пимблетт Карлос Пратесро ситоиш карда, ӯро "қаҳрамони оянда" номидааст.

ТВ “Варзиш” аз нутқи ӯ чунин иқтибос меорад: "Якчанд муштзане ҳастанд, ки зарбаҳои онҳо на ба шаппотии тез, балки ба зарбаҳои таъсирбахш монанданд. Карлос Пратес маҳз ҳамин тавр аст. Ӯ дар вазни миёна рақобат мекунад, аммо ба як нафари бузургҷусса монанд нест. Аммо, вақте ки ӯ ба рақибонаш мерасад, онҳо зарбаашро хеле равшан ҳис мекунанд”.

- Фикр мекунам, ки рекорди UFC-и ӯ айни замон 8-1 аст (ҳафт пирӯзӣ дар UFC ва як пирӯзӣ дар силсилаи Contender's Dana White - Ed.), ки ҳашттои ин пирӯзиҳо тариқи нокаут ба даст омадаанд. Ягона бохти ӯ аз Иан Гарри буд ва ин ҳам бо қарори доварон амалӣ гардид. Фикр мекунам, ки Пратес қаҳрамони оянда хоҳад буд ва ӯ чеҳраи бузург аст. Баъзе аз нокаутҳои ӯ тариқи зарбаи оринҷ бо чархиш ва зарба бо зону дар парвоз амалӣ карда мешаванд. Тамошои рақобатҳояш хеле шавқовар аст,- гуфтааст Пимблетт дар подкасти "Green Light with Chris Long".

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД