goodwell
Пешвои миллат агрегати №7-и «Норак»-ро ба истифода доданд
30

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24-уми апрел бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуда, агрегати №7-и Нерӯгоҳи барқии обии «Норак»-ро ба истифода доданд.

Таҷҳизоти асосии гидроагрегат пурра нав карда шуда, технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ васл карда шудаанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки кори агрегат боэътимод ва самаранок ба роҳ монда шуда, муҳлати истифодаи он барои солҳои зиёд таъмин гардад.

Пас аз анҷоми навсозӣ иқтидори истеҳсолии гидроагрегат афзоиш ёфта, акнун дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд.

Барои татбиқи ин лоиҳаи муҳим 34 миллион евро дар шакли қарз ҷалб карда шуда, ҳамзамон 9,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ равона гардидааст. Ин тарзи маблағгузорӣ имконият фароҳам овард, ки корҳои навсозӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ анҷом ёфта, самаранокии фаъолияти нерӯгоҳ ба таври назаррас баланд бардошта шавад.

Бо татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург, Тоҷикистон тадриҷан мавқеи худро ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи истеҳсоли нерӯи “сабз” тақвият мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД