22-юми марти соли равон дар низоми пардохти ғайринақдии филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдориву хизматрасонии роҳи Душанбе – Чаноқро ба зимма дорад, корҳои профилактикӣ гузаронида шуд. Дар ин замина, бори дигар собит гардид, ки барои дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ мондани ин намуди хизматрасонӣ IRS комилан тавонманд аст. Иқтидори мазкур, пеш аз ҳама, ба пойгоҳи техникӣ ва технологияи муосир, ки ин ширкат мавриди истифода қарор додааст, вобаста мебошад.
Тавре иттилоъ дорем, бо тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда истодааст.
Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ – филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ҷиҳати беш аз пеш маъмул гардидани пардохти ғайринақдӣ, ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз плазаҳои толлингӣ тавсеа бахшидааст. Ба маълумоти ронандагон мерасонем, ки пардохти ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтӣ ва RFID (чипе, ки дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) ба роҳ монда шудааст. Ба шарофати таври густурда ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ин намуди хизматраонӣ таюли афзоишро касб карда, теъдоди истифодабарандагони он бамаротиб афзуд.
Барои мисол соли 2024 теъдоди кортҳои пардохтӣ 13308 адад ва онҳое, ки ба автомбил RFID (чипе, ки дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) насб карданд 46821 нафар буд. Соли гузашта ин теъдод афзуда, мутаносибан 16690 ва 92175 нафар расид. Дар умум, барои ба пардохти ғайринақдӣ ҳавасманд намудани ронандагон корҳои зиёд иҷро шуда, натиҷаҳо ба маънои том назаррасанд. Арзонтар будани маблағи гузариш аз плазҳои толлингӣ дар қиёс ба пардохти нақдӣ, ройгон пешниҳод намудани RFID, кортҳои пардохтӣ ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс аз ибтикори дар робита ба ин масъала амалигардида маҳсуб мешавад.
Дигар мақсаде, ки филиали ширкат дошт, бароҳат намудани гузариши плазаҳо мебошад. Бо ин мақсад, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8-то расид. Муҳим он аст, ки дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки дар дигар давлатҳо ширкатҳои ба ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ин иқдом бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, кам намудани хароҷоти истифодабарандагони роҳ, роҳ надодан ба нороҳатӣ ва асабонияти онҳо амалӣ шуда, паҳлуҳои мусбати зиёд, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад.
Сониян, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд. Илова бар ин, иқдом ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кутоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо тариқи ғайринақдӣ истифода намоянд. Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар плазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ашхос зимни ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҳамеша “чароғаки сабз” фурузон мегардад. Ба дорандаи кортҳои пардохтии IRS кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад. Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад. Истифодаи чунин корт ва RFID дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки роҳбандон (тамбашавии автомобилҳо) дар плазаҳои толлингӣ аз байн равад. Хотиррасон бояд кард, ки баҳравар шудан аз ин хизматрасонӣ дар муддати кутоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд.
Ҷоиз ба зикри алоҳид аст, ки барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум — мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки IRS гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баръакс бошад.
Дар маҷмӯъ, ба густариши пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан далели возеҳи он мебошад, ки роҳбарияту кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бениҳоят фаъоланд.
Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО