Arzon march 2024
ПЕШНИҲОД: БОЗ ЯК БАНКОМАТИ ДИГАР ШИНОНЕД!
1492

Чанд нафар сокинони ноҳияи Мӯъминобод дар тамос бо сомонаи “Оила” аз он шикоят намуданд, ки ҳудуди чанд рӯз боз дар назди банкомати филиали №63 - и «Амонатбонк» дар ноҳияи Муъминобод барои гирифтани маош ва нафақаи худ дар навбат истодаанд.

Сомонаи “Оила” барои санҷидани дурустии ин шикоятҳо бо масъулини филиали №63-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Муъминобод тамос гирифт, аммо бенатиҷа.

Нафари якуме, ки мо занг задем (6250158) ваъда дод, ки ҳатман моро бо мутахассис пайваст мекунад ва ҳамин тавр хомӯш монду дигар гап назад. Ҳарчанд чанд маротибаи дигар ҳам такроран занг задем, аммо телефонро касе набардошт.

Нафари дуюм бошад (бо шумораи 6250160) телефонро бардошту баъди фаҳмидани шахсият ва арзамон бо далели нашинохтани чунин рӯзноманигор аз додани маълумот худдорӣ кард. Роҳбари филилали мазкур Шарифзода Меҳринисо бошад, ба тамосҳои пайдарпайи мо ба рақами дастиаш ҷавоб надод.

Ҳафтаномаи “Пайк” ду рӯз қабл роҷеъ ба мавзӯи мазкур таҳқиқ гузаронида, онро каму беш баррасӣ кардааст, аммо саволҳои зиёди мо боз ҳам беҷавоб монданд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия танҳо ду банкомат мавҷуд аст. Аз онҳо яке фаъолият мекунаду  дигаре ду моҳ боз таъмирталаб аст. Масъулини филиали №63 – Амонатбонк дар суҳбат бо мухбири “Пайк” сабаби навбатпоии сокинонро норасоӣ ва таъмирталаб будани  банкомат гуфтааст.

Шарифзода Меҳринисо, мудири филиали №63 — и «Амонатбонк»-и ноҳия дар сӯҳбат ба хабарнигори ҳафтавори «Пайк» гуфтааст, ки “Айни ҳол дар ноҳия ду банкомат мебошад. Аз ду якеаш клавиатурааш вайрон шудааст. Мо ба Раёсати «Амонатбонк»- и минтақа дархост кардем, ваъда карданд, ки таъмир мекунанд. Барои сокинони деҳоти дурдаст дар ноҳия 6 маркази хизматрасонии мо фаъолият мекунад. Арзиши клавиатура 4000 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Тибқи дархост Раёсати «Амонатбонк» моро доимо аз пул таъмин мекунанд. Баъзан вақт сокинон ду моҳ пас нафақа мегиранд. Аз ин сабаб дар назди банкоматҳо ҷамъ мешаванд”. Вале сабаби ду моҳ баъд нафақа гирифтани одамон посух мехоҳад, ки мудири шуъба чизе нагуфтааст.

Сокинон мегӯянд, ки вақте ки ду банкомат фаъолият мекард, онҳо камтар осуда буданд, зеро навбатистӣ камтар мешуд, аммо дар ин гармои тобистону давраи пандемияи коронавирус анун маҷбуранд пушти банкомат навбатпойӣ кунанд, то тавонанд маош ё нафақаашонро ба даст оранд.

Нурулло Ҳасанов, собиқ сармуҳарирри нашрияи “Субҳи меҳнт” – и ноҳия чанд рӯз пеш дар як матлабаш, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр шуд, навишта буд, ки аз вайронии банкомат ба масъулони «Амонатбонк» - и минтақа тариқи телефон хабар додааст, вале дар он ҷо ба ӯ гуфтаанд ин кор ба онҳо рабт надорад. «Вақте аз вайронии банкомати назди филиали №63-и «Амонатбонк» ба Ҳақназарзода С. - раиси «Амонатбонк» - и минтақаи Кӯлоб хабар додам, дар ҷавоб ба ман гуфт, ки «ба ман чӣ?» Банкомати назди Маркази саломатӣ кор мекард, вале пул надошт, — навиштааст рӯзноманигор Нурулло Ҳасанов. Ба гуфти ӯ сокинон чанд моҳ боз маоши худро аз кассаҳои бонк мегиранд.

Масъулони «Амонатбонк» - и минтақаи Кӯлоб ба мухбири “Пайк” гуфтааст, ки клавиатураи банкоматро дар Тоҷикистон пайдо кардан мушкил аст. Лек намедонем шарҳи масъулон то куҷо ҳақиқат дорад. Ҳақназарзода Саидикром, раиси «Амонатбонк» — и минтақаи Кӯлоб бобати мушкилоти ҷойдошта дар суҳбат бо “Пайк” чунин гуфтааст: “!Дар минтақаи Кӯлоб оид ба насб ва истифодаи банкоматҳо мушкил  надорем. Дар ноҳияи Муъминобод танҳо ду банкомат вуҷуд дорад, ки аз онҳо якеаш бо сабабҳои техникӣ фаъолият намекунад. Бештари банкоматҳо клавиатураашон аз кор мебароянд. Клавиатураро аз хориҷа дастрас кардан мумкин аст. Бо сабаби пандемияи коронавирус мо клавиатураро харидорӣ карда наметавонем».

Тибқи иттилои Шарифзода Меҳринисо, мудири филиали №63 — и «Амонатбонк»-и ноҳия ба "Пайк" барои сокинони деҳоти дурдаст дар ноҳия 6 маркази хизматрасонӣ фаъолият мекунад. Мутаассифона, маркази хизматрасонии бонкии №63/579, воқеъ дар деҳаи Боғи Ҳабиби ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи мазкур ҳудуди 5 сол боз фаъоият намекунад. Ҷамоати мазкур деҳаҳои Туто (маркази ҷамоат), Балхобӣ, Боғи Ҳабиб, Ғарабдара, Ғарабдараи Чаппа, Деҳбаланд, Момирак, Олимтой, Селчиён, Теболай, Турконӣ, Шулулу ва Ҷиддабулоқро дарбар мегирад. Аз ҷамоати деҳоти Балхобӣ то маркази ноҳия 70 км роҳ аст. Ҷамоати мазкур аз нигоҳи релеф ва мавқеи географӣ ба шаҳри Кӯлоб наздик мебошад. Аҳолии ҷамоат маош ва нафақапулии худро аз бонкоматҳои шаҳри Кӯлоб мегиранд ва барои ин бояд то 7 киллометр роҳро тай намоянд, зеро маркази хизматрасонии ҷамоат тавре гуфтем 5 сол боз дари пӯшида дораду як қулфи зангзада.

Ёдовар мешавем, ки бо хатари паҳншавии коронавируси нави КОВИД -19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаи 1,5 метр бояд ба таври ҳатмӣ риоя карда шавад. Вале афсӯс, ки дар назди банкоматҳо ҳадди ақал 50 сантиметр масофаро риоя намекунанд.

Мутаассифона, масъулини «Амонатбонк» - и ноҳия ин ҳамаро нодида мегиранду ақаллан як банкомати дигарро дар маркази ноҳия (махсусан, пеши бозори марказӣ) насб намоянд. Ин пешниҳод баҳри пешрафт ва сари вақт гирифтани маоши сокинон зарур аст, зеро ду банкомат барои сокинони ин ноҳия басанда нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД