Нисбати марде, ки пеши роҳи тобути як ҳамдеҳаи пирашро дар ноҳияи Данғара гирифта, монеи дафн шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр бо нашри баёнияе гуфт, ки дар ин бора аз писари шахси фавтида шикоят гирифтаанд. Аз ҷонибҳо ном бурда нашудааст.
Даъвогар гуфтааст, ки яке аз ҳамдеҳагон вақти маросими видоъ ва ба оромгоҳ бурдани ҷасади падари 72-солааш пеши роҳи тобутро гирифта, баргардонидани ҳашт ҳазор сомонӣ пулеро талаб кардааст, ки гӯё падараш аз ӯ қарз гирифтаву барнагардонидааст. Дар асл, ба гуфтаи даъвогар, чунин талаб асос надорад.
Моҷаро рӯзи 20-уми октябри имсол сурат гирифта, ҳоло ба зидди марди гумонзад бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда нисбат ба ҷабрдида ё наздикони ӯ” парванда боз кардаанд.