goodwell
Пеш судшуда боз даст ба ҷиноят задааст
28.07.2026
Oila.tj
191

Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар асоси аризаву муроҷиати чанд нафар сокинони ноҳия оид ба аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани чорвоҳои хурдашон, як нафар - сокини шаҳри Кӯлобро дастгир намудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ин нафар Зафари Азиз, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Даҳана мебошад, ки қаблан 4 маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаву муддати зиёди умри хешро пушти панҷараҳои зиндон сипарӣ карда бошад ҳам, роҳи дурусти зиндагиро интихоб накарда, такроран даст ба ҷинояти дуздӣ задааст.

Зимни тафтишот муайян карда шудааст, ки номбурда дар 5 ҳолати дуздӣ 16 сар чорвои майдаи сокинони ноҳияи Восеъро аз заминҳои хоҷагӣ бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намуда, ба шаҳрвандон зиёда аз 30000 (сӣ ҳазор) сомонӣ зарарӣ моддӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон дастгиршуда Зафари А. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД