Formula novemver 2024
Пеш аз намози ид ба қабристон равем ё баъд?
643

 

Як одати мардуми мо ин аст, ки дар арафаи идҳои мусалмонӣ ба аёдати гузаштагони худ ба қабристон мераванд. Фаҳмидан мехостам, ки ба қабристон пеш аз намози Ид бояд рафт ё баъд аз он?

Шамшод, ноҳияи Тоҷикобод

Таълимоти дини мубини ислом ин аст, ки рӯзи ид рӯзи хурсандӣ аст, рӯзи хушҳолӣ аст, на рӯзи қабристон рафтан. Барои ҳамин пеш аз худи ид раванд, беҳтар аст. Албатта , қабристон рафтан, дуо кардан, яке аз суннатҳо ва одобҳои маснун аст, аммо пеш аз ид рафтан лозим аст.

Маҳмуд Сангалиев,
сармутахассиси Раёсати фатвои
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Аз идора: Ҳар рӯз дар ҳамин вақт метавонед ба саволҳои худ дар мавриди Иди Қурбон ва фазилатҳои он, қурбонӣ ва дигар унсурҳои ин ид посух гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД