Дар бораи даҳонкушоии Иди Қурбон андешаҳои зиёдро шунидаам ва мехостам дақиқ намоед, ки ин амал пеш аз намози Ид аст ё баъди он ва мегуфтед, ки кадом дуоро хондан зарур аст?
Шамсия Азизова, н. Ҳамадонӣ
Ҳар як ибодат амалҳои хоси худро дорад. Яке аз суннатҳо ё мустаҳабот аз дидгоҳи мазҳаби фиқҳи ҳанафӣ ин кушодани даҳон баъд аз намози Иди Қурбон аст.
Дар посух ба суоли дуюм мегӯям, ки луои махсусе нест. Ҳар дуое, ки мехоҳанд, кунанд. Рӯзи ид рӯзи хурсандӣ аст ва иҷобати дуоҳо низ ҳаст. Албатта ҳамон дуоеро, ки “Алоҳу акбар, алоҳу акбар, лоилоҳа иллалоҳу алоҳу акбар, алоҳу акбар ва лилоҳил ҳамд” аст, ҳатман гӯянд, қабул аст.
Маҳмуд Сангалиев,
сармутахассиси Раёсати фатвои
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон
Аз идора: Ҳар рӯз дар ҳамин вақт метавонед ба саволҳои худ дар мавриди Иди Қурбон ва фазилатҳои он, қурбонӣ ва дигар унсурҳои ин ид посух гиред.