Arzon march 2024
"ПЕДОФИЛ" ДУХТАРЧАИ ХУРСОЛРО БО ФИРЕБ БА ДОМИ ХУД АФТОНД
5946

Санаи 25-уми август дар хонаи духтарчаи 11-сола мотам буд. Наздикони ин духтарча аз куҷо медонистанд, ки фарзанди ҳанӯз маззаи зиндагиро начашидаи онҳо, ба ин зудӣ бо ваҳшоният ба қатл расонда мешавад. Дили кӯдак чунон соф аст, ки ба осонӣ фирефтаи фиребу найранги нафарони беномус мегардад.

Ин духтарчаи бетақдир ба доми “педофил”-и беинсоф афтод. Мавсуф муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ буда, аслан сокини ноҳияи Дӯстӣ мебошад.

Корамандони милитсия марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар куштори ин духтарчаи наврас дастгир намуданд.

Тибқи шарҳи Вазорати умури дохила, номбурда бо роҳи фиреб ба боварии духтарча даромада, ӯро ба истгоҳи гардиши роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гулистон бурда, барои қонеъ гардондани нафси шаҳвониаш даст ба таҷовуз мезанад. Дар зери истгоҳ то қонеъ намудани нафси ҳайвониаш ӯро таҷовузи бераҳмона кард.

Ин рафтори ваҳшиёнааш гӯё бас набуд, ки боз барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш духтарчаи ҷабрдидаро ба қатл расонд.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД