arzon replenishment
Пайванди шикаста: Ёде аз режиссёр Муҳаббат Сатторӣ
1224
 
Санаи 24 августи соли равон қалби ҳассоси Муҳаббат Сатторӣ – ҳунарпешаи театр ва коргардони муваффақи синамои тоҷик аз тапидан бозмонд. Марҳум 56 сол дошт ва бо вуҷуди беморӣ то нафасҳои охирин дар талоши сабти филми нав буд...
 
Коргардонзанон Дар таърихи қариб якасраи синамои тоҷик ангуштшумор бонувон ба кори коргардонӣ даст зада, тавфиқ ёфтаанд. Нахустин нафар дар ин ҷодаи душвор Марворид Қосимова аст, ки солҳои 60-ум ба таҳияи филмҳо оғоз кард ва ба бонувон роҳ кушод.
 
Баъдан Марям Юсупова ва Гулбаҳор Мирзоева ҳам ба сафи режиссёрон роҳ ёфтанд. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бошад, Муҳаббат Сатторӣ, Шарофат Арабова, Аниса Собирӣ ва чанд нафари дигар аз миёни занон ба кори пурмашақати режиссёрӣ машғул шуданд.
 
Ин бонувон бо офаридани филмҳои ҳуҷҷативу бадеӣ хазинаи кинои тоҷикро ғанӣ намуда, кишвари моро дар бисёр киноҷашнвораҳо муаррифӣ намудаанд. Дар ин нигошта яке аз он бонувони муваффақро ёд мекунем.
 
Пайроҳаи эҷодӣ Муҳаббат Сатторӣ 1-уми январи соли 1967 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада ва дар зиндагӣ роҳи санъатро пеш гирифт. Соли 1988 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ ба фаъолият пардохт.
 
Дар чандин намоишнома нақшҳои хурду калон бозидааст. Тамошобинони театр то ба имрӯз Ҷулйеттаи офаридаи ӯро дар ёд доранд. “Ромео ва Ҷулйетта”-ро соли соли 1994 режисёр Мирзоватан Миров дар Театри Лоҳутӣ ба саҳна гузошт.
 
Вале ин шоҳкори Шекспирро на ба шакли маъмулӣ, балки оҳанги сиёсӣ дод ва онро ба воқеиятҳои Тоҷикистони ҷангзада мутобиқ намуд. Дар “Ромео ва Ҷулйетта”-и Мирзоватан Миров асос асари Шекспир буд, вале дар он воқеиятҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки маҳалгароӣ яке аз омилҳои асосии он буд, қарор мегирад.
 
Ошиқони ин асар аз Веронаи Итолиё на, балки яке аз Кӯлоб ва дигаре аз Бадахшони Тоҷикистон буданд. Дар ҳамин намоиш Муҳаббат Сатторӣ нақши Ҷулйеттаро бозӣ мекард.
 
Соли 1995 ин спектакл дар “Парасту” намоиш дода шуд. Ҳам ҳакамон ва ҳам тамошобин онро хуб пазируфт ва Муҳаббат Сатторӣ ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона»-ро сазовор гардид.
 
Дигар кори мондагори Муҳаббат Сатторӣ дар театр иҷрои нақши асосӣ дар намоиши “Шабпарак хоб дид”-и таҳти коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов аст. Суҳайл-Синамо Муҳаббат Сатторӣ дар театр актрисаи муваффақ буд.
 
Саҳнаро дӯст медошт, вале он солҳо шароит муҳайё набуд, ки орзуҳояшро амалӣ кунад. Аз як тараф дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ вазъи театр хуб набуд, аз ҷониби дигар муборизаҳои дохилитеатрӣ ба ӯ имкон намедоданд, ки зарфияти эҷодиашро пурра ба кор барад.
 
Бинобар ин, тарки театр кард ва ба синамо рӯй овард. Ширкати филмофарии “Суҳайл-синамо”-ро таъсис дод ва ба таҳияи филмҳо машғул шуд. Ҳамчунин дар МД “Тоҷикфилм” фаъолият дошт. Тайи ин солҳо филмҳои “Пайванди шикаста” (соли 2007), “Падруду пайғом” (соли 2008), “Афсонаи хоб” (соли 2009), “Заррандуд” (солҳои 2010-2011), “Як ҷаҳон аз ману ту”(солҳои 2013-2014), “Маро бубахш” (соли 2016), “Бархез модар”(продюсер, соли 2017), “Кохи нур” (соли 2019), “90-соли кинои тоҷик”, “Рақси зиндагӣ” (соли 2019)-ро ба навор гирифт.
 
Ин филмҳо ҳар яке миёни тамошобин маҳбубият пайдо кардаанд. Муҳаббат Сатторӣ ҳамчун коргардон боҷасорат буд. Барои мисол ҷуръат карда, асари Сайф Раҳимзоди Афардӣ “Падруду пайғом”-ро филмбардорӣ кард.
 
Чун Афардӣ худ ҳам нависанда ва ҳам режиссёри бузург буд, эҷодиёти ӯ муносибати хосро талаб мекард.
 
Фидоӣ Муҳаббат Сатториро метавон фидоии касби хеш муаррифӣ кард. Ӯ нафаре буд, ки бо вуҷуди душвориҳои зиёд, камбуди маблағ, норасоии мутахассисон филмҳояшро дар сатҳи олӣ сабт мекард.
 
Ӯ пайваста талош мекард, ки дар филмҳояш рӯзгори мардуми тоҷикро ба ҳама фарозу нишеб ва дороиву камбудиаш нишон бидиҳад. Абдулҳай Зокиров, коргардони тоҷик мегӯяд, ки марҳум бо вуҷуди зан буданаш, ҳамеша ба амалҳои коргардонии душвор даст мезад ва бештар филмҳое рӯи навор меовард, ки тарғибгари фарҳангу тамаддуни тоҷик буд.
 
“Дар миёни коргардонҳои тоҷик мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки дар филмҳояшон намехоҳанд ҳунармандон куртаи тоҷикӣ пӯшанд, фарҳанги миллиро тарғиб кунанд. Аммо Муҳаббат Сатторӣ ҳувияти миллии баланд дошт ва ҳамеша дар филмҳояш фарҳанги миллии тоҷиконро тарғиб мекард”, - гуфт Зокиров.
 
Далели дигари фидоӣ будани Муҳаббат Сатторӣ он аст, ки солҳои охир бо вуҷуди бемори вазин буданаш низ дар фикри синамо буд.
 
Барои сабти филми “Ситораи ноаён” дар ҳамкории муштарак миёни филмофарони тоҷику ӯзбек омодагӣ медид. Вале аҷал амон надод.
 
Аҷал дорандаи нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии кинематографияи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаббат Сатториро дар айни авҷи камолоти эҷодӣ, ҳамагӣ дар синни 56-солагӣ аз миёни мо гирифт.
 
Вале тавре маълум, ҳунармандони асил намемиранд, эҷодиёти онҳо ҷовидона аст. Филмҳои Муҳаббат Сатторӣ низ номи ӯро ҷовидон зинда нигоҳ хоҳанд дошт.
 
Одил Нозир
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД