Гунгакбозӣ
Тўй дар баданам заҳри муқотил гашт, зеро ман фаҳмидам, ки «занакҷон»-и шавҳарам ҳамин нозанин аст… Худамро бепарво нишон дода, фақат рафтори шавҳарамро назора мекардам. Зан он қадар ба вай аҳмият намедод, вале шавҳарам аз сари ҳамон миз канда набуд. Зан аз ман сад сару гардан боло буд, ҳам дар зебогию нафосат, ҳам дар либоспўшию назокат. Баъди чанде зан аз ҷояш хеста, назди мизи домоду арўс омаду як қутичаи махмалин дар назди арўс гузошту як қуттии сиёҳи чармин дар назди домод. Баъдтар фаҳмидам, ки ба келин ангуштарии тилло ва ба писарам соати қимматбаҳо тақдим намудааст, дар лифофаи додааш низ, дусад доллар буд. Шавҳарам охири тўйро нигоҳ накарда, пулро гирифта, ба кисааш монду лифофаи холиро ба ман дод…
Шавҳарам дар баногўши зан чизе мегуфту ў ноз, карда механдид, дили маро бошад, сагон тала мекарданд, зеро ин аз назари хешу таборон пинҳон намемонд. Шавҳарам ба ин қаноат накарда, занро ба давра кашид ва онҳо рақсиданд, соҳибҷамол дар рақс низ устухон надоштааст. Ин зане, ки бо омаданаш маро чун шохаи хушки бед оташ зада буд, баъди як соат тўйро тарк кард, вале ман аз дарди рашк бемор шудам. Баъди тўй, як ҳафта сарамро аз бистар бардошта натавонистам, бечора писарам духтур оварду табобати зиёд гирифта, баъд ба худ омадам…
Ҳайфи умрам…
Акнун шавҳарам ҳар шаб ба хона дер меояд, соатҳои як – ду, баъзан субҳ медамаду баъд. Аввалҳо ҳам дер меомад, аммо на ҳар шаб, ба саволҳои ман “дадош, чаро дер мекунед?”, як ҷавоб дорад.
-Корҳоямро ба субут мерасонам, дар хонае, ки ду оила зиндагӣ мекунад, то нимаи шаб бедор нишастан кори хуб нест.
Ишқи он парӣ шавҳарамро ба ман низ, меҳрубон кардааст, мардаки дар ҳаёташ занакҷон намегуфтагӣ, занакҷон мегўяд. Ҳақорату ҷангу ҷанҷолро бас карда, умуман ба ман кор надорад. Дар хона қариб, ки хўрок намехўрад, ҳозир як мақсад дорад, якҳуҷрагие харида, ҷудо кардани рўзғори писарамон ва зан додани писари дуввум. Ҳамсарам ба ҳаммом ҳам дарояд, телефонашро мегирад, вале як рўз онро кушта зери болинаш монда, даромад. Ман аз фурсат истифода бурда, онро кушодам ва… Он ҷо пур аз суратҳои ҳамон занаку шавҳарам буд, онҳо сари дастархон, дар ошхона, дар бистари хоб, дар лаби дарё. Дар сурат дидам, ки зан хонаҳои боҳашамати зебо дорад. Гумон мекунам, шавҳарам баъди иҷрои вазифаи падарияш худашро тамоман ба «занакҷон»-аш мебахшад. Ростӣ, дилам аз шавҳарам мондааст, аммо ба қадри худам месўзам…
Ман ҳангоме ба ў хонадор шудам, ки донишҷў буд. Миёнамро дар сари мошина шикаста, бо нӯги сўзан пул ёфта, ҳамроҳаш аробаи шалақи зиндагиро мекашидам. Духтари безеб набудам, имрўз ҳам агар мисли «занакҷон»-и шавҳарам худро орою торо диҳам, аз ў кам нестам. Аммо шавҳарам ба рўйи ҳамаи ин хизматҳои ман хатти батлон кашид. Майлаш, майлаш, ки дўстдошта дошт, аммо барои чӣ ўро ба тўйи писарам даъват кард? Чаро маро хаёлманду бемор сохт? Чаро суратҳои ўро дар телефонаш нигоҳ медорад? Чарову чароҳои зиёд азобам медиҳанд…
Зиёд мехоҳам хонандагони азиз қиссаи сарнавишти маро хонда, маслиҳатам диҳанд, чӣ гуна аз ин хаёлҳои дардовари сўзанда халосӣ ёбам?
Бо эҳтиром, ФАЙЗИЯ
Таснифи Рухсора САИД