Патент дар куҷо чӣ қадар қимат шуд?
86

Ариши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз 1-уми январи соли 2026 дар аксари минтақаҳои Русия боло рафт. Мехоҳед донед, ки акнун дар кадом шаҳр муҳоҷирон барои ба даст овардани патент чӣ қадар маблағ месупоранд? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Тавре Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар додааст, арзиши патент дар минтақаҳои мухталифи Русия чунин аст:

Арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав соли 2026 боло рафта, ба 10 000 рубл расидааст. Соли гузашта нархи патент дар пойтахти Русия 8900 рубл буд.

Дар Краснодар муҳоҷирон дар соли 2026 ҳар моҳ бояд 27 283 рубл маблағи патент супоранд.

Дар Ростов арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ 10231 рубл будааст.

Дар Псков муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар моҳ 10903 рубл пули патент мусупоранд.  

Дар Рязан маблағи патент имсол 9788 рулб аст.

Дар Мурманск муҳоҷирони меҳнатӣ барои патент ҳар моҳ 15347 рубл месупоранд.

Дар Оренбург арзиши патент барои муҳоҷирон 7639 рубл будааст.

Дар Перм муҳоҷирон бар ивази 8200 рубл патент ба даст меоранд.

Дар Пенза бошад, арзиши патент барои муҳоҷирон 9174 рубл аст.

Дар Курск муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар моҳ 10470 рубл маблағи патент пардохт менамоянд.

Дар Қрим аризиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ 11936 рубл аст.

Дар Липетск арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ 21915 рубл мебошад.

Дар Амур муҳоҷирони меҳнатӣ барои патент 12874 рубл пардохт менамоянд.

Дар Олтой патент барои муҳоҷирон 8526 рубл арзиш дорад.

Дар Қазон муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар моҳ барои патент 8698 рубл пардохт менамоянд.

Дар Брянск нархи патент барои муҳоҷирон 9741 рубл аст.

Дар Кемерова барои патент муҳоҷирон 8427 рубл месупоранд.

Дар Ярослав арзиши патент барои муҳоҷирон 10981 рубл мебошад.

Дар Чеченистон муҳоҷирони меҳнатӣ барои ба даст овардани патент ҳар моҳ 3410 рубл пардохт мекунанд.

Дар Калуга арзиши патент 11000 рубли русӣ мебошад.

Дар Красноярск нархи патенти муҳоҷирони меҳнатӣ 11024 рубл аст.

Дар Волгоград патент барои муҳоҷирон 9890 рубл мебошад.

Дар Вологда бошад, арзиши патенти муҳоҷирон 20 000 рубл аст.

Дар Бурятия муҳоҷирон барои патент 12550 рубл месупоранд.

Дар Архангелск нархи патент барои муҳоҷирон 10231 рубл будааст.

Дар Астрахан муҳоҷирон барои гирифтани патент 7012 рубл

месупоранд.

Дар Севастопол нархи патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ 13521 рубл аст.

Дар Ставропол бошад, арзиши патент 8526 рубл мебошад.

Дар Тотористон арзиши патент барои муҳоҷирон 8696 рубл аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД