Sebiston new 2024 october
Пастшавии масъунияти бадан чӣ хатар дорад?
1952

 

Масъуният ин системаи муҳофизатии биологӣ буда, органиизмро аз ҳар гуна бемориҳо пешгирӣ менамояд. Набудани масъуният   мислест, ки гӯё дар бадани одам гурда вуҷуд надорад, яъне онҳо ба ҳам пайвастагии зич доранд.

Нишонаҳои вайроншавии масъуният бемори вазнин, аз ҷумла, бемориҳои вирусӣ, пневмания, бемориҳои узвҳои дохилӣ, ҳарорати доимии баланди бадан, бемадорӣ, бештар ба бемориҳои гуногун дучор шудан шахсро азият медиҳад. Организми чунин нафарон мустақилона бар зидди ягон беморӣ мубориза бурда наметавонанд ва онҳоро зарур аст, ки бо тавсияи духтурон аз антибиотикҳо истифода намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ дар беморхона бистарӣ гарданд.

 

Чӣ гуна масъуниятро мустаҳкам кардан лозим аст?

Масъуният инъикоскунандаи ҳолати умумии бадан буда, нигоҳ доштани саломатӣ аз он вобастагии зиёд дорад. Реҷаи муайяни рӯз, реҷаи хоб ва истироҳат, амалҳои дигаре, ки инсон анҷом медиҳад, таъсирии худро барои хуб нигоҳ доштани масъуният мегузорад. Яъне камхобӣ, нодуруст будани реҷаи хӯрокхӯрӣ ба паст шудани масъуният оварда мерасонад.

Маводҳои доруворӣ масъунияти одамро барқарор менамояд?

Бештари одамон фикр мекунанд, ки истеъмоли витаминҳо ба баланд бардоштани масъуният таъсир мерасонад, хато мекунанд. Зеро маҳз маводҳое мавҷуд аст, ки танҳо барои баланд бардоштани масъуният ва нигоҳ доштани он дар сатҳи хуб мусоидат мекунад. Духтурон тавсия медиҳанд, ки ғизои солим, реҷаи дурустро риоя кардан ва дигар ҳолатҳое, ки ба саломатии инсон муфид аст, метавонад, масъунияти шуморо хуб нигоҳ дорад. Лозим ба ёдоварист, ки витаминҳоро дар ҳолатҳои зарурӣ истеъмол кардан муфид аст, масалан ба занҳои ҳомила, кӯдаконе, ки вазнашон дар меъёр нест тавсия дода мешавад.

 

Беморшавии пай дар пай нишонаи бемасъуниятист?

Аксари одамоен, ки зуд- зуд ба ин ё он беморӣ гирифтор мешаванд, паст будани масъуниятро ифода мекунад. Ба бемориҳои вирусӣ, аз ҷумла, зуком бештар гирифтор шудани кӯдакон ва наврасон аз паст будани масъунияти бадан шаҳодат медиҳад.

 ДОРУ АЛФАГИН БАРОИ РЕКЛАМА

Эмгузаронӣ масъуниятро баланд мебардорад?

Духтурони соҳа тавсия медиҳанд, ки эмгузаронӣ барои баланд бардоштани масъунияти одам мусоидат мекунад. Баъзе нафарон фикр мекунанд, ки ҳангоми ин ё он беморӣ ё ҳарорати баланди бадан дору истеъмол кардан зарар дорад, баръакс бояд масъуният ин ҳолатро мустақиман бартараф кунад, вале истеъмоли доруҳои зарурӣ барои зудтар барқарор шудани саломатӣ таъсири мусбат мерасонад ва марҳилаи барқароршавӣ низ ба зудӣ анҷом меёбад.

 

Кадом доруҳо муфид аст?

Мустақилона истифодаи доруҳое, ки масъуниятаро баланд мебардорад, тавсия дода намешавад. Танҳо доруҳои зиддӣ бемории вуҷуддоштаро, ба монандӣ зуком, сардардӣ ва ғайраҳо истеъмол кардан лозим аст.

Маводҳои доруворие, ки аз гиёҳҳо омода мешавад, барои баратаф кардани хастагӣ, бемадорӣ, асабоният ва дигар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи паст шудани масъуният пайдо мешавад, тавсия дода мешаванд.

Чунин доруҳо ҳамчунин барои паст кардани қанд дар хун, фаъол гардидани қобилияти фикрронӣ, кам шудани хоболудӣ ва дигар ҳолатҳои нороҳаткунанда мусоидат мекунад. Пеш аз оне, ки ба истеъмоли ин ё он дору шурӯъ мекунед, тавсияи духтури соҳа муҳим аст.

ДОРУ АЛФАГИН БАРОИ РЕКЛАМА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД