Домуллои муҳтарам! Вобаста ба занҳое, ки таваллуд мекунанд ва чил рӯз аз ибодат дур мешавад.
Мегуфтед, ки баъд аз таваллуди фарзанд то чанд муддат бояд занҳо намоз нагузорад? Аз нигоҳи ислом то чил рўз намоз нахондани ў ҳатмӣ аст?
Насиба
Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ
Хоҳари азиз! Зан пас аз таваллуди фарзанди нахустин то чил рўз дар ҳолати нифос қарор мегирад. Аз ин рў, дар ин муддат бояд аз намоз гузоридан худдорӣ кунад. Пас аз таваллуди фарзанди дуюму сеюм зан дар нифос одати муайян пайдо мекунад, масалан, бист ё сӣ рўз ё сию панҷ рўз нифос мебинаду бас. Дар ин ҳолат шарт нест, ки то чил рўз мунтазир шавад, балки пас аз тамом шудани рўзҳои одаташ дар нифос бояд ғусл карда намоз гузорад.