Аксари мардуми мо баъд аз рӯзи ид, шаш рӯзи дигар рӯза мегиранд, ки он ба моҳи Шаввол рост меояд.
Ба идораи сомонаи Оила. ТЧ аз ҷониби хонандагон саволҳои зиёде вобаста ба тарзи гирифтани рӯзаи моҳи шаввол ворид гардидааст. Аз щамин хотир аз аз Раёсати фатвои Шӯрои уламои кишвар хщиш кардем, ки ба ин масъала равшанӣ андозанд. Дар посух чунин гуфтанд:
-Дар тариқи адои ин рўза ҳар кас ихтиёр дорад, метавонад онро пай дар пай ба ҷо оварад ё ки ҷудо-ҷудо, инчунин метавонад дар ҳар даҳаи ин моҳ ду рўз рўза дорад.
Расули акрам (с) фармуданд, ки касе баъд аз рӯзаи моҳи Рамазон шаш рӯзи аввали моҳи Шаввол бевосита рӯза дорад, гӯё як соли пурра рӯзадор аст.
Ҳар нафаре, ки си рӯзи моҳи Рамазон рӯза медорад, гӯё сесад рӯз савоби рӯза доштанро дарёб мекунад. Шаш рӯз аз моҳи шаввол рӯза дошта бошад, шаст рӯз савоби рӯза доштанро ёбад. Аз рӯи ояи карима савоби яксола рӯзаро дар дафтари аъмолаш навишта менамоянд.
Паёмбари Худо (с) фармуданд: ҳар ки баъд аз тамом доштани рӯзаи моҳи Рамазон шаш рӯз пай дар пай аз моҳи Шаввол рӯза дорад, аз гуноҳ чунон пок гардад, ки гӯё аз модар нав таваллуд ёфта бошад.
Имсол оғози моҳи шаввол ба 2-юми май рост меояд ва тиқби сарчашмаҳо хоҳишмандон метавонанд аз 3-юми май рӯза бидоранд.