arzon replenishment
Парвозҳои мунтазами чартерӣ аз Душанбе ба Шарм-алш-Шайхи Миср
17.03.2025
Oila.tj
282

Аввалин туроператори миллии «EASYBOOKING Tajikistan», ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва авиаагрегатори милли «FLY.TJ» парвозҳои мунтазами чартериро аз Душанбе ба Шарм-алш-Шайхи Миср оғоз мекунанд. Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба, ҳар рӯзи якшанбе анҷом дода мешаванд ва парвози аввал 11-уми май ба нақша гирифта шудааст.

Ин рӯйдоди муҳим барои сайёҳӣ уфуқҳои нав мекушояд ва ба сокинони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар яке аз маъруфтарин осоишгоҳҳои ҷаҳон истироҳат кунанд.

2_25

Ба шарофати талошҳои муштараки EASYBOOKING Tajikistan, “Сомон Эйр” ва FLY.TJ шаҳрвандони Тоҷикистон акнун имконияти беҳамто барои истироҳат дар соҳилҳои Баҳри Сурхро доранд, ки бидуни убури марз барои парвоз ба Миср аз кишвари ҳамсоя амалӣ мешавад. Қаблан ба шаҳрвандони мо лозим меомад, ки соатҳои зиёдеро сарф кардаву роҳҳо, гузаргоҳҳо ва сарҳадҳои душворгузарро паси сар намуда, аз дигар кишварҳо ба Миср расанд. Акнун ин ҳама дар гузашта аст!

3_24

Бо ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим ба Миср тоҷикон имкон пайдо мекунанд, ки бо ғанитарин фарҳангу мероси ин кишвар ошно шаванд. Ин ҳамзамон имконияти хубе барои ҷалби назарраси сармоягузории кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

4_25

Тавре директори ширкати «EASYBOOKING Tajikistan» Бозоров Хусрав қайд кард: «Ин ташаббус аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» низ дастгирӣ ёфта, дар ҳамоиши соҳибкорони Мисру Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида ва аллакай ба бисёре аз соҳибкорон ҷиҳати роҳандозии тиҷорати муваффақ ва ҷалби сармояи назаррас ба кишвари мо кумак кардааст, ки ба рушди сайёҳӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.

5_14

Турҳои фарогир ба Миср бо парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Шарм-ал-Шайх аз ширкати EASYBOOKING аллакай дар тамоми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дастрасанд. Ҳар шахс метавонад дар тур ҳамроҳӣ намояд ва дар соҳили Баҳри Сурх истироҳати фаромӯшнашаванда гузаронад.

6_9

Миср дорои соҳилҳои беназиру боҳашаммат, ҷаҳони зери об, ёдгориҳои қадимӣ ва меҳмоннавозии шарқӣ мебошад. Инҳо, албатта, пирамидаҳои машҳур дар водии Гиза ва Сфинкс мебошанд. Парвози нави мустақим аз Душанбе ба сайёҳон имкон медиҳад, ки ҳамаи ин муъҷизаҳоро барои худ кашф намоянд.

7_5

Ёдовар мешавем, ки ширкатҳои “EASYBOOKING”, “Сомон Эйр” ва “FLY.TJ” қаблан парвозҳои мустақимро аз Душанбе ба самтҳое чун Гурҷистон (Тифлис) ва Қатар (Доҳа) бомуваффақият роҳандозӣ карда буданд, ки ин ба ҳазорон тоҷикистониён имкон дод, то кишварҳои навро барои истироҳат кашф намоянд ва аз фарҳанги ин кишварҳо бохабар шаванд.

"EASYBOOKING Tajikistan" - ширкати миллии сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузорӣ аз Ӯзбекистон.

«FLY.TJ» - авиаагрегатори миллӣ.

«Сомон Эйр» - ширкати ҳавопаймоии миллӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД