Муҳаммадҷон Шокиров зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд буда, меҳри санъату ҳунар ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар қалбаш маъво гирифтааст.
Ин ҷавони боистеъдод соли 2015 ҳамроҳи хоҳараш Муҳиба Шокирова дар Озмуни телевизионии "Овози тиллоӣ" ширкат варзида, сазовори ҷойи 1-ум гашта буд.
Соли 2016 бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳараш Муҳиба Шокирова ба Мактаби махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратуло Атоев ва худи Муҳаммадҷон ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон дохил шуд, то бо кумак ва роҳнамоии устодони варзида маҳорати ҳунарии худро такмил диҳанд. Ҷустуҷӯҳои пайвастаи эҷодӣ ва бехобиҳову талоши эшон дар роҳи ҳунар пайи эҷоди таронаҳои дилнишин бесамар намонданд ва соли 2020 хоҳараш Муҳиба дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - ватани азизи ман" дар номинатсияи сарояндагӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби 50000 сомонӣ гашт.
Фарзанди дигари ин оилаи фарҳангӣ Аҳмадҷон Шокиров низ ба мисли Муҳиба ва Муҳаммадҷон шефтаи санъат аст ва аз хоҳару бародараш қафо намонда, соли 2021 дар ин озмун ширкат намуда, сазовори ҷойи сеюм гаштааст.
Худи Муҳаммадҷон Шокиров соли равон, яъне дар соли 2024 дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман” ширкат кард ва дар номинатсияи сарояндагӣ, дар жанри мусиқии анъанавӣ маҳорати хеле баланди сарояндагӣ нишон дод ва ҷойи аввалро сазовор гашт.
Айни замон ин ҷавони боистеъдод дар бахши фарҳанги шаҳри Конибодом ҳамчун ҳунарманд ба фаъолияти ҳунарӣ машғул буда, ҳамзамон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Конибодом ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо ҷавонон фаъолият менамояд.
Муҳаммадҷон Шокиров натанҳо бо суруд ва шеъру сухан, балки дар амал низ фарзанди сазовори Ватан буданашро собит намуда, ҳамчун минаҷӯй-сапёр хизмати ҳарбиро дар қисми низомии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар ноҳияи Панҷ дар сарҳади Афғонистон-Тоҷикистон ба ҷо овардааст ва мегӯяд хизмат ба Модар-Ватан қарзи ҳар як инсони бо нангу номус аст.