Commerc banl
Парвоз аз Душанбе ба Истамбул бо 110 евро имконпазир мегардад
38

Парвоз аз Душанбе ба Истамбул

бо 110 евро имконпазир мегардад

Парвоз аз Душанбе то Истамбул ба 110 евро имконпазир мегардад, зеро як ширкати ҳавопаймоии арзонбари туркӣ хатсайри навро дар ин масир мекушояд.

Ширкати ҳавопаймоии Pegasus Airlines аз 6 апрел парвозҳои мустақимро байни Душанбе ва Истамбул оғоз хоҳад кард. Ба иттилои Turizm Ajansi парвозҳо ҳафтае се маротиба бо ҳавопаймоҳои Boeing 737 аз фурудгоҳи Сабиҳа Гёкчен - рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе амалӣ карда мешаванд.

"Душанбе, ки дар доманаи кӯҳҳои Помир ҷойгир аст, бо кӯчаҳои васеъ, боғҳои сабз ва меъмории беназираш, интизори шумост", - навиштааст ширкат барои ҷалби сайёҳон.

Нархҳои парвоз вобаста ба мавсим ва пуршавии ҳавопаймо тағйир хоҳад ёфт, афзудааст манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД