Sebiston new 2024 october
Парвиз Пулодӣ ба зани рус ошиқ шуду...
10.09.2022
ОИЛА
1292


25 августи соли равон дар кинотеатрҳои Русия нахустнамоиши филми «Лена и справедливость» («Лена ва адолат») баргузор шуд, ки дар он нақшҳои асосиро ҳунарпешаи Театри академии драмавии вилояти Твер Юлия Бедарева ва ҳунарпешаи Тоҷикистон Парвиз Пӯлодӣ бозидаанд.

Филм дар бораи модари шуҷои се фарзанд, фурӯшанда Лена (Юлия Бедарева) ва ҳамманзили ӯ Мақсуд (Парвиз Пӯлодӣ) аз оилаи зиёӣ қисса мекунад.
Парвиз Пӯлодӣ нақши як муҳоҷири тоҷики ошиқро бозидааст, ки бе ягон санад ба Русия рафт ва ба ин далел наметавонад зиндагии шахсии худро ба роҳ монад.Дар филми мазкур ин ҷуфт (Мақсуд ва Лена) даҳ сол боз якҷоя зиндагӣ мекунанд, хоҷагиро пеш мебаранд, фарзандонро ба воя мерасонанд, аммо бо сабабе, ки мард шиноснома надорад, онҳо наметавонанд расман муносибати худро ба расмият дароранд.Лена зане ҳаст, кибарои бахту муҳаббат ва адолат бо тамоми ҳастии худ муборизамебарад. Ӯ орзуи барпо намудани тӯйи афсонавӣ, ба бар кардани либоси сафед ва пеш бурдани зиндагии хушбахтона бо фарзандону шавҳарашро дорад.
Ҳамчунин дар филм мавзӯъҳои ба монанди дастгирии ҳамдигарӣ, эҳтиром, гуногунии фарҳангҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Коргардони филм Екатерина Вешевабуда, сенарияро Елена Кисёлеванавиштааст. Дар филм ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳунапешаи халқии Тоҷикистон Сороҷон Сабзалиева низ нақш иҷро намудаст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД