Commerce bank may-june 2026
Парвандаи марги Меҳрона Ноибоваро шарҳ доданд
26.07.2026
Oila.tj
31

Прокуратураи генералии Тоҷикистон бори аввал дар бораи ҷузъиёти парвандаи марги Меҳрона Ноибова, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе шарҳ дода, эълон кард, ки як корманди ин ниҳод дар доираи тафтишот боздошт шудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералӣ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки Фирӯз Саидзода боздошт шуда, ҳоло дар ҳабс қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Саидзода рӯзи ҳодиса «ба корҳои шахсии худ рафта, аз хизматрасонии ронандагии Давлат Арабзода истифода кардааст».

Ҳамчунин, Воҳидзода таъкид кард, ки Давлат Арабзода, ки қаблан номаш дар расонаҳо дар иртибот ба ин қазия зикр мешуд, дар мақоми ронанда қарор дошта, ба ҳодиса дахл надорад.

Парвандаи марги Меҳрона Ноибова баъди он сару садои зиёд ба бор овард, ки ҷасади ӯ рӯзи 7-уми апрел аз соҳили рӯди Панҷ дар ноҳияи Дарвоз пайдо шуд.

Гуфта мешавад, ки Меҳрона рӯзи 3-уми апрел ҳамроҳи гурӯҳе аз дӯстонаш, аз ҷумла ду корманди Прокуратураи генералӣ барои истироҳат ба осоишгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз рафта, субҳи 4-уми апрел нопадид шудааст.

Тибқи маълумоти қаблан нашршуда, шоҳидон ба мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, ки Меҳрона ҳангоми будубош дар соҳили рӯдхона ба об афтодааст. Дар ҳамин ҳол, пайвандони ӯ фарзияи худкуширо зери шубҳа гузошта, гуфта буданд, ки ба чунин хулоса бовар надоранд.

Воҳидзода гуфт, ки таҳқиқи парванда идома дошта, мақомоти тафтишотӣ ҳамаи паҳлуҳои ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД