Sebiston new 2024 october
Парвандаи фарзандхонӣ чанд моҳ баррасӣ мегардад?
749


Суд парвандаи фарзандхонии кӯдакро дар давоми чанд моҳ баррасӣ менамояд?
Шаҳло, шаҳри Бӯстон.

Мувофиқи талаботи қонун, судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ мақомоти васоят ва парастории маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кўдаки фарзандхондшавандаро вазифадор менамояд, ки ба суд дар хусуси асоснокӣ ва мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кўдаки фарзандхондшаванда хулоса пешниҳод намояд.

Ариза дар бораи фарзандхондӣ дар маҷлиси пўшидаи суд бо иштироки ҳатмии шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда), намояндаи мақомоти васояту парасторӣ, прокурор, кўдаке, ки ба синни чордаҳ расидааст ва ҳангоми зарурат - падару модар, дигар шахсони манфиатдор ва худи кўдаке, ки ба синни аз даҳ то чордаҳсола расидааст, баррасӣ мегардад.

Суд парвандаҳоро дар хусуси фарзандхондӣ дар мўҳлати як моҳ аз рўзи қабули ариза баррасӣ ва ҳал менамояд .

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД