Гулзор тамоми зиндагии худро фидои писари нозанинаш кард. Падару модар ва аммааш аз сар рафтанд, Нозигул барои Ҷўра-қассоб шаш писари дигар таваллуд кард. Ҳар гоҳи ба деҳа рафтан, албатта аз ҳоли Нозигул хабар мегирифтанд, аммо зан ҳеҷ гоҳ ба писари ў будани Бахтовар ишора намекард.
Баъди ба донишгоҳ дохил шудани Бахтовар Гулзор хост асли гапро ба ў гўяд, вале Нозигул розӣ нашуд. Бахтовар донишгоҳро хатм карда, дар як муддати кўтоҳ дар зинаҳои мансаб боло рафт, ҳамсараш табиб буд ва модарашро болои дастон мегардонданд. Гулзор дар нафақа бошад ҳам, кор мекард ва нисфи умраш дар хориҷи кишвар мегузашт, набераҳояш Шамсу Қамар ва Шаҳлову Шифоро аз ҷонаш зиёдтар дўст медошт ва ҳангоми дар ватан будан аз онҳо дур намешуд, вале…
Як шом Бахтовар нав аз идораи корияш берун шуд, ки як мӯйсафеди деҳотӣ пеши роҳашро гирифта гуфт:
- Бахтоварҷон, ту писари додари ман ҳастӣ, модарат ҳам дигар кас аст…
Бахтовар аввал гумон кард, ки ин мард девона аст, вале дар чеҳраи ў шабоҳате ба худ дида, ўро дар мошинаш шинонда, ба хонааш бурд. Давлат воқеан амаки Бахтовар буд, ҳамон амаке, ки ўро бо модараш аз хона берун намуда буд, аммо воқеаро дигар хел шарҳ дод…
Бахтовар ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ҳамроҳи амакаш ба ноҳия назди холаи Нозигулаш, ки модари аслии ў будааст, рафт. Нозигул ба Давлат нигоҳ карда гуфт:
- Давлат, магар ту маро дар рўзи серўзагии вафоти шавҳарам бо тифлаки навзод аз хона нарондӣ?! Зани акаам азобҳои зорро ба ман нишон дод, ба писарам номи нафратовари масхараомези Партовшоҳро гузошт. Агар Гулзор намебуд, ту писари нағз, ки имрўз соҳиби амак шудаӣ, дар кӯдакият вафот мекардӣ, зеро шавҳари нави ман ана он мӯйсафеди дар болои ҷогаҳ беҳушу беёд хобида туро дар қасраш роҳ надод! Ман хусуру хушдоман надоштам, ки пуштибониям кунанд, нав мурдаи шавҳарамро се рўз шуда буд, зани ана ҳамин амакат, ба ман гуфт, ки баромада рав ё шавҳари маро мегирӣ?! Бахтовар хомўш буд, ў амакашро бурда, дар ҳавлияш монду гуфт, ки то омадани модарам сабр бояд кард.
Гулзор аз хориҷа бо савғоҳои зиёд омаду нафаси хонаашро ноҳамвор эҳсос намуд, баъди ду рўз Бахтовар модарашро ба оғўш кашида, гуфт:
- Очаҷон, шумо ба ман ягон чизи гуфтанӣ надоред?
- Дорам бачем, мехостам ин гуфтаниро ҳангоми ба донишгоҳ дохил шуданат бигўям, аммо модари аслият инро нахост,- гуфт Гулзор.
Сипас, Гулзор ҳамаи воқеаро ба писараш нақл кард, тарбияе, ки ў дошт, нагузошт, ки амаку тағо ва янгаҳояш, инчунин Ҷўра-қассобро бад кунад, аммо Бахтовар ҳамаашро таҳлил карда, баромада буд ва медонист, ки гап дар куҷост.
Амакаш дар зиндагии Бахтовар пайдо шудан гирифт, мақсадаш он буд, ки писаронашро ба ҷойи кор таъмин кунад ва Бахтовар то ҷое метавонист ба писарони амаку додарони угаяш, ҳатто фарзандони Ҷўра-қассоб, ки модари аслияшро зиёд дўст медоштанд, кўмак кард. Акнун холаи Нозигулаш (модари аслияш) ҳамеша меҳмони азизи хонаи ў буд, модараш шод буд, ки Бахтовари ў имрўз бахтовари як авлоди калон шудааст. Бо маслиҳати Гулзор дар деҳа замин гирифта, хона сохтанд ва акнун дар як моҳ як бор ҳама хешу таборони Бахтовар Гулхоҷа он ҷо ҷамъ мешаванду хурсандӣ мекунанд. Дар деҳа як қатор корхонаҳои хурди сарватманди ҷавон ба кор шурўъ карданд, баъзеҳо ба Гулзор мегўянд, ки бояд намегузоштӣ Бахтовар бо амакашу фарзандони ў рафтуомад кунад, аммо ин зани мардсифат даст меафшонад:
- Ин дунё кирои гап намекунад!
Рухсора САИД