Arzon march 2024
Партовшоҳ Бахтовар шуду… (ҚИСМИ 2)
1911

Ҳамин тавр, Ҷовид зан гирифт, занаш аз хешони модараш буд ва агар фаҳмад, ки ў ба хабаргирии зани авалааш рафтааст, дунёро ба сараш мебардошт. Ҷовид дигар дер-дер ба хабаргирии Гулзор меомад ва зан тасмим гирифт, ки аз ятимхона духтаракеро ба фарзандхондӣ мегирад, чунки умедашро аз зани нави шавҳараш канда буд…

Гулзор рухсатии меҳнатӣ гирифту хост онро назди падару модараш гузаронад, пушти мошинашро пур аз тўҳфаю савғо карда, ба деҳа рафт. Ду – се рўзи аввал аз хоб сер карду баъд ҳамроҳи модараш ба хабаргирии аммаи ягонааш, ки дар деҳаи ҳамсоя мезист, рафтанд. Аммаи кампираш назди гаҳвора паст-паст алла мегуфту чашмонаш гиряолуд буданд. Гулзор аз модараш шунид, ки духтари нозанини аммааш Нозигулро шавҳараш дар садамаи нақлиётӣ фавтиду ҳевараш ўро бо тифли якмоҳа аз хона берун кард. Дар хонаи модар келинҳо ба хоҳаршўйи бева рўз надоданду Нозигули зебосанамро ба як марди занмурдаи кўдакдор аз ноҳияи дигар доданд. Модару духтар ҳеҷ гумон надоштанд, ки марди шашкўдакдори занмурда тифлаки ширхорро аз банди синаи модар канда, ба янгаҳои золиму модари пир партофта, модарашро барои хизматгории сағираҳои худ мебарад…

Дар гаҳвора тифлаке мехобид, ки пӯсту устухон буд, рангаш кабудчатоб, вале чашмони зебояш ғарқи нур. Гулзор кўдакро аз гаҳвора кушода гирифт, аз кўдак бўйи бади пешобу арақи бадан меомад. Гулзор гириста, ба аммаш гуфт:

- Аммаҷон, агар Нозигул розӣ шавад, ман писарашро писархонд мекунам, ҳар гоҳе хоҳад, ба хабаргирияш равад ё худам гирифта меорамаш.

- Розӣ нашуда, чӣ кор мекунад, Гулиҷон,- гуфт кампири Азамат гириста ва худи ҳамон рўз Гулзор Партовшоҳро бо худ гирифта, ба хонаи модараш овард. Гулзор барои кўдак, ки шаш моҳ дошту ба тифлаки навзод монанд буд, шири қиматбаҳои сунъӣ ва либосҳои қимматбаҳо харида, дар хона бо ёрии модар ўро оббозӣ доронд. Аз байни мӯйҳои сиёҳу ҷингилаи кўдак шабушк мерехт, Гулзор зор –зор мегирист. Дар ду рўз тифлак дигар хел шуд ва Гулзор ҳамроҳи падару модар ва аммааш ба хонаи Нозигул рафтанд. Хонаву дари дуошёнаи зебои кандакории Ҷўра-қассобро зуд ёфтанд. Нозигул меҳмонҳои азизашро бо гиряҳои зор-зор пешвоз гирифта, аз писараки хушлибосаш чашм намеканд. Ӯ писараки бебахташро ба синааш зер карда, ба Гулзор нигоҳ карда гуфт:

- Гулзорҷон, ману ту мисли апаву хоҳар ба ҳам меҳрубон будем ва ҳастем, аз ту хоҳиш, ҳамин писари маро ба фарзандӣ қабул кун. Ҷўрақассоби золим маро барои шаш кўдаки ноболиғи худ доя интихоб кардааст, на зан, вагарна дар ҳамин ҳавлии калон барои як кўдаки сағири ман ҷой пайдо намешуд?! Дар хонаи модарам ўро зани додарам мекушад, ман ба ин бовар дорам…

Гулзор Нозигулро ба оғўш кашида, гуфт:

- Ман худам ҳам бо ҳамин мақсад ба хонаат омадам, писарат ду рўз боз бо ман аст,- Ҷўра-қассоб дар аввал песонда - песонда бо ахми рў пеши меҳмонон омад, вале чун фаҳмид, асли масъала дар куҷост, зуд хеста гӯсфанд кушту зиёфати олиҷанобе орост. Гулзор ба дасти ҳама кўдакони соҳибхона пул доду нози гардану ангуштарии тиллояшро бароварда, ба Нозигул дод.

Гулзор он қадар хурсанд буд, ки дар дунё намеғунҷид, хотири Нозигули бебахт низ ҷамъ шуд, акнун писари ў шоҳона зиндагӣ хоҳад кард. Ӯ ба хотири ин лутфи Худованд сари ятимакони бемодари Ҷўра-қассобро сила мекард. Гулзор ҳама ҳуҷҷатҳоро тахт карда, номи писарашро иваз кард, ба ў Бахтовар ном монд, дар ҷойи номи падар номи падари худашро навишт. Баъди ба шаҳр омадан, Гулзор рухсатӣ барои нигоҳубини фарзанд гирифта, се сол писаракашро бо тамоми нозукиҳо нигоҳубин карда, баъд ўро ба боғчаи махсуси бо забони англисӣ дода, худаш ба кор баромад. Бахтовари ў ниҳоят донову зебо буд, дар даҳсолагӣ бо тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ озод гап мезад...

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД