Гулзор духтари ягона ва ноздонаи падару модар буд, ду бародараш ўро дўст медоштанду эрка мекарданд. Дар деҳаи дурдасти кўҳистон волидони ў машъалафрўзи роҳи маърифат шинохта мешуданд.
Падараш директори мактаб, модараш муаллимаи забони русӣ шуда кор мекарданд. Модараш духтари рўҳонии машҳуре буд, падараш бошад, писари муаллим, онҳо ҳамсинф буданду якдигарро дўст медоштанд. Гулхоҷа ба Аҳлия ваъда медиҳад, ки ўро ба занӣ мегирад ва албатта барои идома додани таҳсилаш мусоидат мекунад. Аҳлия ҳеҷ бовар надошт, ки дўстдоштааш ба ваъда содиқ мемонад, аммо Гулхоҷа паймонашро иҷро кард. Ў дар курси дуввум мехонд, ки падару модарашро ба хонаи эшони Қамар хостгорӣ равон кард. Муаллими Аҳмад бо эшон хешӣ доштанд, баъд Гулхоҷаро чун як ҷавони хуби бомаърифат мешинохтанд ва эшон розӣ шуд ба ин хешовандӣ. Аҳлияро баъди тўй ба донишгоҳ дохил карданду ҳарду ба пойтахт кўч бастанд. Онҳо бо сахтӣ ҳам бошад, бо кўмаки якдигар донишгоҳро хатм карданду ба деҳа баргаштанд. Ин оилаи намунавиро ҳама эҳтиром мекарданд ва дўст медоштанд. Хонаву дари зебову ботартиб, ду писару як духтари донояки хушсару либос, хулоса зеби ҳавас хўрдан ҳам буданд.
Анису Мунис ҳарду Донишгоҳи тиббиро хатм карда, ба деҳа баргаштанд ва бо духтарони маълумоти олидор хонадор шуда, зиндагии зебои худро сохтанд. Гулзор бошад, пайи касби падару модар рафта, ба Донишгоҳи омўзгорӣ ба факулати забонҳои хориҷӣ дохил шуд, ў мехост оянда ба фарзандони мардум забони байналмилалии англисиро омўзад, вале кораш дигар хел ранг гирифт.
Ба Гулзор як ҳамсабақаш аз хонадони сарватманди шаҳр хонадор шуд. Падари Ҷовид мансаби баланде дошт, ҳарчанд модараш ҳаргиз розӣ набуд, ки писараш аз маҳалли тамоман бегона зан гирад, вале ишқ кори худро кард. Волидони Гулзор фарзандонро дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ соҳибихтиёр гузошта буданд, аз ин рў, хостгоронро хуб қабул карданду тўйи ду ҷавон баргузор гашт. Модари Гулзор қошу қавоқи хушдомани духтарашро дида, хуб дарк кард, ки духтараш дар ин оила рўзи хуш намебинад, аммо боз аз Худо мадад ҷўсту дар намозҳояш дуо мекард, ки духтарашро аз баду балои дунё нигаҳбон бошад.
Гулзор Ҷовидро дўст медошт, ҳарчанд даврони донишҷўӣ сўҳбатҳои онҳо аз доираи дарсу китобҳои бадеии хондаашон, Пушкину Есенину Толстой дур намерафт, баъди тўй ў меҳрубониро аз шавҳараш дареғ намедошт. Ҷовид бо шӯхӣ мегуфт, ки “ту аз ман дида ошиқтар будаиву а балое…”.
Зану шавҳари ҷавон дар созмони хориҷие ба кор шурўъ карданд. Гулзор забони англисиро хуб медонист ва барои боз ҳам хубтар огоҳ шудан аз нозукиҳои ин забон дарсҳои иловагӣ мегирифт, баъдҳо ба созмони дигар ба кор гузашт ва аз шавҳараш дида пешгомтар буд. Гулзор субҳи барвақт аз хоб хеста, тамоми корҳои хонаро ба субут расонида, баъд ба кор мерафт, аммо хушдоман ҳеҷ келинашро дўст надошт, ки надошт! Сари чанбараки мошини хориҷӣ нишаста, ба кор рафта омадану ҳамеша хушу хурсанд будани келини ба қавли хушдоман «бегонаасл» ба ин зани як умр ҳукмрони хонадон намефорид. Сайлихон як писару як духтар дошта бошад ҳам, сояи келину домодашро аз девор метарошид. Рўзи шанбею якшанбе хушдоман баҳонае ёфта, маърака меорост ва Гулзор мисли моку дар се ошёна мебаромаду мефаромад. Як айби калони дигари келин ҳомиладор нашудани вай буд, ки ба оташи ғайбати хушдоман равған мерехт…
На духтур монду на табибу на ягон мулло, касе ба дарди ин ҷуфти ҷавон даво нашуд. Оқибат бо дасисаҳои хушдоман баъди шаш соли зиндагӣ Гулзору Ҷовид ба тарзи расмӣ аз ҳам ҷудо шуданд, аммо ҷавонмард талоқи занашро надод. Барои занаш дар як гўшаи шаҳр ҳавлии дуошёнаи зебои барҳаво харидорӣ намуд, нисфи пули ҳавлӣ аз Гулзор бошад ҳам, нисфи дигарро хусури меҳрубонаш дод, ки келинашро бисёр дўст медошт. Ҷовид ба Гулзор гуфт:
- Ман зан мегирам, ту ҳам хоҳӣ, шавҳар кун.
Аммо Гулзор бо оби чашм гуфт:
- Агар зан гирӣ ва занат розӣ шавад, як фарзандатро ман гирифта, калон хоҳам кард...
(Давом дорад)
Рухсора САИД