arzon replenishment
Партовҳои Кӯлоб коронавирусро меафзоёнад
2145

 Шаҳрнишинӣ ҳам ба худ одобу маданияти хос дорад. Айни замон ин қисми маданияти мо он қадар дар сатҳи паст қарор дорад, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Барои исботи ин гуфтаҳо ифлосии мухити зисти шаҳрамон мисоли равшан шуда метавонад.

На худамон ба тозагӣ риоя мекунему на меҳнати шабонарӯзии кормандони коммуналиро қадр менамоем. Вақти гузар кардан аз дохили қариб ҳар як кӯчаю пасткӯчаи шаҳри бостонии Кӯлоб инро метавон мушоҳида кард. Мебинед, ки назди хонаҳои истиқоматӣ ҷӯйборҳо, роҳравҳо, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар ҷойҳои серодам пур аз партов аст, дар ҳоле, ки дар ин гуна маконҳо сари ҳар қадам қуттиҳои махсуси партовандозӣ гузошта шудаанд. Ҳато дасту пои баъзеамон пеш намеравад, ки партови дар дастбударо бурда ба дохили қуттӣтандозем.
Либоси миллии худро аз хотир бароварда, ба фарҳанги бегона пайравӣ карда тавонистему либосҳои нимбараҳнаи онҳоро ба бар кардем, вале то ҳол маданияти шаҳрнишиниашонро наомӯхтем. Агар мо ба кишварҳои Аврупо назар намоем, дар партовгоҳҳояшон чунон тартибу низоми муайянро ҷорӣ кардаанд, ки чунин тартибу низомро мо ҳатто дар хонаҳои истиқоматии худ надорем. Ҳадафамон касеро паст задан нест, аммо ин ҳақиқат аст. Онҳо либосҳои нолозим, асбобҳои корношоям ва дигар партовҳояшонро тарзе дар партовгоҳ бурда мегузоранд, ки баробари дидан ҳайратзада мешави. Қуттиҳои партовҳояшон бо як тартиби муайян гузошта шудааст. Шиша, ашёҳои корношоям, либосҳои фарсуда ва ҳамааш қуттии муайяни худро дорад, ки хеч гощ ивазу ба ҳам омехтаашон намекунанд.
Агар мардуми мо низ мисли давлатҳои пешрафта партовҳоро дар халтаҳои полиэтиленӣ гирифта, даҳонашро баста, дар як кунҷи партовгоҳ гузорем, нуран ало нур мешавад ва ин масрафи барзиёд ҳам надорад. Танҳо аз шахс маданияти волои инсонӣ ва фарҳанги шаҳрнишиниро талаб мекунаду халос.
Сад афсӯс, ки як нафар шаҳрро ифлос мекунаду ҳазорҳои дигар бетарафӣ зоҳир менамоянд. “Худам ҷои тоза ёфтам менишинам, корам ба дигарон чӣ?",- гуфта, инро нодида мегирданд, ки аз бемасъулиятию фарҳанги паст доштани онҳо далолат мекунад. Ҳамсояи рӯбарӯ дар зери тиреза партоб мепартояду бӯи ғализаш ҳама ҷойро фаро мегирад. Агар тирезаро кушода монем, дигар дар хона нишаста намешавад. Бар замми ин, хомӯшему чизе намегғем. Боз баъзеҳо бо виқор мегӯянд, ки мо ватанамонро дӯст медорему барои ободии он ҷони худро дареғ намедорем. Эй мардум, ин чӣ гуна фидокорист, ки бо дасти худ ҷойҳои ободро вайрону валангор карда истодаем? Магар ҳамин аст ҳиси дӯстдорӣ нисбати ин сарзамин? Охир, "тозагӣ - гарави саломатӣ" гуфтаанд. Барои саломатии худ ва наздиконамон ба тозагӣ риоя намоему худро аз ҳама гуна хатарҳо нигоҳ дорем. Ҳатто ифлосӣ манбаи пайдоиши вирусҳо низ шуда метавонад, чунки ҳашаротҳои ин макон барандаҳои фаъоланд.
Баъзе аз модарон ҳатто уребчаҳои (пампарс)-и кӯдаконашонро бо ҳама ифлосиаш дар партовгоҳ мепартоянд, ки аз бӯи ғализаш дигар аз кӯча гузар карда намешавад. Баъзеи дигараш бӯяш набарояд гуфта, онро дар оби равон меандозанд ва нафарони аз поёноб истифодамебурда бехабар аз он ки сарчашмаи ин об бо чунин сабабҳо ифлос шудааст, онр дар корҳои рӯзгор истифода мебаранд, ки ин ба саломатиашон зарари ҷиддӣ мерасонад.

Бузургворе бисёр бомаврид гуфтааст:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.

Дар вақти бошиддат боридани борон бо сабаби партовҳои дар дохили ҷӯйборҳо андохтаи баъзе аз бемасъулиятон дами об баста мешаваду об аз лаби чуйборҳо сар зада, ба кӯчаҳо ҷорӣ ва боиси ташвиши дигарон мешавад. Пас, саволи матраҳ он аст, кипартовҳои Кӯлобро кӣ танзим мекунад? Сокинон ё бахши коммуналию ҳифзи муҳити зист? Ҷавобашро аз мақомдорон интизорем.








Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД