formula
Паррандаро хоб бинӣ, бой мешавӣ ё бемор?
1330


Чанд шаб боз фақат мурғони ҳаво ба хобам медароянд. Гоҳе ягон парранда дар сари китфам мешинад, гоҳи дигар ман ҳам мурғ шуда, ҳамроҳи селаи паррандаҳо ба ҳаво парвоз мекунам.

Модарам мегӯянд, ки паррандаҳоро хоб дидан хосияти хуб надорад ва бояд ба назди ягон домулло рафта, худамро дуохонӣ кунам, вале ростӣ, ман ба ин гапҳо бовар надорам. Мехоҳам донам, ки мувофиқи хобномаҳои исломӣ парранда дар хоб чӣ таъбир дорад?Умеда, аз н. Шаҳринав.

Посух

Хоҳари азиз, ташвиш накашед, парранда дар хоб хосияти бад надорад. Тибқи хобномаҳои исломӣ парранда дар хоб рамзи боигарӣ, сарват, обрӯю нуфуз ва муввафақият аст. Шахс хоб бинад, ки паррандаи зебое дар сари китфаш нишастааст, соҳиби мақому мартаба, яъне одами бадавлат ва бо обрӯ мешавад. Селаи мурғонро низ хоб дидан рамзи соҳибдавлат шудан будааст.

Мувофиқи хобномаҳои исломӣ дар хоб дидани паррандаҳои булаҷаб, ки шахси хобдида дар умраш надидааст, ин фариштаҳое мебошанд, ки ба кас пайғоми нек меоранд. Пас аз дидани чунин хоб дар ҳаёти он шахс ягон ҳодисаи хеле хуб рӯй дода, хушбахт ва хурсанд мешавад. Фақат паррандаи сиёҳ дар хоб хосияти хуб надорад. Хоб бинед, ки зоғ ё ягон паррандаи дигари сиёҳ дар сари китфатон нишастааст, эҳтиёт бошед, зеро чунин хоб аз содир кардани ягон гуноҳи бузург дар назди Худованд ё сар задани ҳодисаи нохуше дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад. Духтари бе шавҳар ё зани муҷаррад хоб бинад, ки паррандаи парҳояш рангин дар сари китфаш нишастааст, барояш хостгори хубе баромада, ба зудӣ тӯй мешавад ё ҷавонмарди арзандае ба он духтар ва ё зан пешниҳоди хонадоршавӣ мекунад.
Хоб бинед, ки дар болои саратон як села паррандаҳо парвоз доранд, корҳоятон бобарор мешаванд. Шахсе хоб бубинад, ки паррандаи зебоеро доштаасту раҳо кардан намехоҳад, дар ягон ҷода мувваффақ гашта, даромади калон ба даст меорад.
Марги паррандаҳо дар хоб фоли бад аст. Хоб бинед, ки паррандае якбора аз ҳаво афтида мурд ё паррандаи мурда дар пеши поятон афтидааст, ҳатман ба ягон шахси дармонда хайр кунед, зеро чунин хоб аз сар задани беморӣ, фалокат ё марги ягон одами наздики хобдида дарак медиҳад. Паррандаи мурда дар хоб гувоҳи талоқ ва ҷудоӣ низ буда метавонад. Паррандаҳои зиёди мурдаро хоб дидан аз сар задани офатҳои табиӣ аз қабили заминларза, обхезӣ ва ғайра дарак медиҳад. Паррандаҳои хонагӣ, аз ҷумла мурғ ва хурӯсро хоб дидан аз беҳуда талаф додани вақт гувоҳӣ медиҳад.
Хоб дидани паррандаҳои ваҳшӣ хосияти нек надорад. Паррандаи ваҳшӣ дар хоб ин душман аст, агар чунин паррандаҳо ба шумо ҳуҷум кунанд, эҳтиёт бошед, то ки ба доми фиреби бадхоҳонатон наафтед. Дар хоб паррандаи ваҳширо куштан аз ғалабаи шахс бар душманонаш гувоҳӣ медиҳад.
Хоб бинед, ки дар хонаи шумо паррандае лона гузоштааст, хушбахтӣ дар манзили шумо макон хоҳад кард. Хоб бинед, паррандаҳо забон бароварда, мисли одамон бо ҳамдигар гап зада истодаанд, эҳтиёт бошед, зеро чунин хоб аз пайдо шудани ғайбату бӯҳтон дар бораи шахси хобдида хабар медиҳанд.
Зани ҳомила хоб бинад, ки паррандаи хурдакаке дар дасташ аст ва онро навозиш дорад, духтарча таваллуд мекунад. Мард, агар ҷӯҷаи паррандаро хоб бинад, соҳиби писар мешавад.
Ҷавони муҷаррад паррандаи сафедро хоб бинад, бо духтари зебо шинос мешавад, ки дар оянда ҳамсараш хоҳад гашт, вале марди оиладор хоб бинад, ки паррандаеро аз думаш доштааст, даромади калон ба даст меорад. Чунин хоб метавонад аз бурд кардан дар бозии лоторея дарак диҳад ё шахси хобдида аз волидон ва ё ягон хеши дигари сарватмандаш хона, мошин ё пулу моли зиёдеро мерос мегирад.
Умуман, парранда дар хоб рамзи барор гирифтани кор, комёбиву муввафақият, давлату сарват ва хушбахтӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД