Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба ноҳияи Рашт осорхонаи Нусратуллоҳ Махсум - Қаҳрамони Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.
Ҳамчунин аз рӯйи ҳайкали Меҳмон Бахтӣ - Нависандаи халқӣ парда бардошта шуд. Ҳайкали Меҳмон Бахтӣ дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм сохта шудааст.
Осорхонаи Нусратуллоҳ Махсум бошад, дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт ва дар бинои ҷамоати ба номи Нусратулло Махсум бунёд шудааст.