sebiston july new
ПАҲНШАВИИ ВАБОИ МАРГОВАР ДАР ЧИН ВА МУҒУЛИСТОН
2048

 

“Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба хатари давраи сеюми вируси нав кулли ҷомеаи ҷаҳонро огоҳӣ доданд”, - менависад онлайн – портали хабаргузории Lеnta.

Бино ба қавли як манбаи ин расона дар минтақаи худмухтори чинӣ, ки бо шаҳри Баян - Нури Ҷумҳурии Муғулистон ва ҳудуди кишвари Русия ҳамсарҳад аст, бо сабаби паҳншавии вабои тоуни хиёрак (бубонная чума) дараҷаи сеюми вазъияти хатарнок эълон шудааст. Ба гутфи расона, дар он ҷо то соли 2021 ҳамаи чораҳои бехатарӣ андешида мешаванд.

“Мақомоти Чин ва Муғулистон аҳолиро ҳушдор додаанд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда, аз гаштугузор дар мавзеҳое, ки хояндаҳо дар он ҷо сукунат доранд, худдорӣ кунанд, чунки маҳз хояндаҳо паҳнкунандаи ин беморианд”, - иттилоъ медиҳад Оҷонсии иттилоотии “Синхуа”. Инчунин, тибқи як амрнома касе, ки худро бемадор ҳис мекунад ва ё таби баланд дорад, ҳатман ба ба беморхона муроҷиат намояд.

То ҳол тибқи ташхисҳо танҳо дар вуҷуди як марди чинӣ ҳолати аввали сироятёбӣ аз вабои мазкур тасдиқ гардидааст. Дар матни иттилоия гуфта шудааст, ки ин чорвопарвари чинӣ, ки мубталои бемории тоуни хиёрак гаштааст, ҳукуматдоронро ба ташвиш овард. Беморро ба таври оҷилӣ дар беморхона бистарӣ карданд ва айни ҳол, вазъи саломатиаш муқаррарӣ арзёбӣ мегардад.

Ин вабо дар минтақаи ҳамсарҳад бо Русия ҳам паҳн шудааст. Чанд рӯз қабл дар минтақаи Муғулистони ғарбӣ, ки бо Ҷумҳурии Алтайи Русия ҳамсарҳад аст, 2 ҳолати гирифторшавӣ ба бемории тоуни хиёрак ошкор гардидааст. Сироятшудагон ба беморхона интиқол ёфанд. Яке аз онҳо марди 27 - сола буда, нафари дигар аз ҷинси зан аст ва синну солаш муайян нест. Вазъи саломатии духтар вазнин гуфта мешавад.

Ҳангоми хуруҷи нишонаҳои аввалини беморӣ ин духтар бевосита бо 60 нафар одамон алоқа дошт. Ба таври ғайримустақим бошад, бо беш аз 400 нафар дар робита буд. Сабаби сироятёбӣ ба ин вабо хӯроки ошхонаи маҳаллӣ дониста мешавад.

Мувофиқ ба маълумоти духтурони маҳаллӣ ҳамаи нафарони сироятшуда инзиво шуданд. Аз сабаби оне, ки ҳолати бештари сирояёбӣ маҳз дар шаҳри Ховд ба қайд гирифта шудааст, рафту омад ба он манъ шуд.

Дар аксари ҳол, бемории тоуни хиёрак ба воситаи кайки сироятёфта ва суғур паҳн мешавад. Бар замми ин, ҳангоми истеъмоли гӯшти хом одам метавонад мубталои ин вабо гардад.

Гуфта мешавад, ки дар ҳолати табобат накардани бемории тоуни хиёрак (бубонная чума), шахси бемори калонсол метавонад дар давоми ду рӯз ба ҳалокат расад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД