Маҳсулоти лозима:
- 3 дона – тухм
- 1 стакон - шакар
- 200 мл – шир
- 200 грам – орд
- 3 қошуқ – равғани растанӣ
Тарзи таҳия:
Дар зарф сафедии тухмро аз зардиаш ҷудо карда, ба сафедиаш 1 стакон шакар илова карда то сафед шуданаш бо миксер лат мезанем. Зардиашро ба зарфи дигар гирифта, 2 стакон шир, равғани растанӣ, орд, ванелин илова карда, лат мезанем ва ин маҳлулро ба сафедиаш, яъне бизеи омода кардаамон илова карда, омехта мекунем.
Баъдан ба тоба каме равған молида, мепазем. Баъди пӯхтанашон мувофиқи табъи хуб метавонед бо сметана ва панири дилмашуда, шоколад, мураббо истеъмол кунед.
Бо иштиҳои том!