Sebiston new 2024 october
Панҷакент: Марги наврас дар ҳезумҷамъкунӣ
1157

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз марги фоҷиавии як писарбачаи 17 солаи наврас хабар додааст.

Ин ҳодиса дар деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд ҳангоми ҷамъоварии ҳезум рӯй додааст.
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 1 – уми ноябр тахминан соати 18:40 дақиқа рух додааст ва гуфта мешавад, ки ин писарбача ҳангоми ҷамъоварии ҳезум қоидаҳои бехатариро риоя накардааст ва пояш лағжидаву ба дарёи Зарафшон сарозер шудааст.
Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ аз ҷониби имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дирӯз бенатиҷа анҷом ёфт ва субҳи имрӯз ин ҷустуҷӯҳо аз сар гирифта шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба шаҳрвандон муроҷиаи мекунад, ки дар рӯзҳои сарду боронӣ аз рафтани ба кӯҳу пушта, соҳили рӯдхонаҳо ва дашту саҳро худдорӣ намоянд. Вале мутаассифона, на ҳама ба ин тавсияҳои гӯш медиҳанд.

Аз сӯи дигар набояд дар чунин рӯзҳо наврасону ноболиғон танҳо ба ғунучини ҳезум, гиёҳҳо, моҳидорӣ фиристода шаванд, зеро хатари аз кӯҳ афтодан, ҷар шудан ва ба дигар фалокатҳо гирифтор шудани ноболиғон ва наврасон дар ин айём хеле зиёд аст. Ин метавонад паёмадҳои ногувор дошта бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД