Аз шунидани тафсилоти ҳодисаи даҳшатборе, ки рӯзи 7-уми июн дар ноҳияи Панҷ сар задааст, хун дар рагҳои кас ях мебандад.
Боварӣ инсон намеояд, ки писар, ки лахти ҷигар ва меваи умри одамизод маҳсуб меёбад, метавонад падар-қиблагоҳи худро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонад, вале ин ҳақиқат аст. Ҳақиқати талхе, ки ҳатто ба гуфтанаш забон намегардад, аммо...
Сомонаи ВКД аз рӯй додани як ҷинояти вазнини куштор дар ноҳияи Панҷ хабар додааст.
Тавре ки манбаъ менависад, санаи 7-уми июн дар деҳаи Сомони ҷамоти деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуда, Аваз Бӯстонови 78-сола бо дасти фарзанди худаш ба қатл расонида шудааст.
Муҳамад Исанқулови 37-сола, писари марҳум Аваз Бустонов буда, пештар бо модаи 541-и Ккодекси Ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст. Гумонбар ба гуноҳаш иқрр шуда, иқрор шудааст, ки ҳамон рӯзи наҳс баъди нӯшидаи нӯшокии спиртӣ байни вай ва падари 78- солааш муноқиша сар задааст.
Муҳаммад дар ҳолати мастӣ худро идора карда натавониста, бо болға ба падари солхӯрдааш ҳамла карда, ба узвҳои ҳаётан муҳимаш, яъне ба тарафи рости сари падараш зарба зада, ӯро аз пой афтонидааст. Бо ин амали ғайри инсонии худ қаноат накарда, ин ҷавони сархӯш бо болғаи дар дасташ буда, ба дастон ва дигар узвҳои бадани падараш, ки дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст, чандин бо зада, бо бераҳмии махсус падарашро ба қатл расонидааст.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, акнун писари падаркуш барои амали ғайри инсонӣ ва ваҳшиёнааш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.